Jump to content

Бози Парон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Бозипарон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Муъминобод
Ҷамоат Деҳоти Чилдухтарон
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 52 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3318
Нишонаи почта 735140

Бозипарон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод. Аз Бозипарон то маркази ҷамоат 12 км, то маркази ноҳия 42 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 63 нафар (2013), тоҷикон.

Дар деҳа филиали мактаби рақами 51-и деҳаи Синҷӣ бо як дарсхона бунёд шудааст. Талабагон таҳсилро минбаъд дар мактаби деҳаи Синҷӣ идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Таърих ва мардум

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи пайдоиши Бози Парон номаълум. То ҳол ҳафриёти бостоншиносӣ сурат нагирифтаанд. Мардумаш ҳангоми сохтмони биноҳо аз умқи замин устухони одамӣ пайдо мекардаанд. Солҳои 1949—1950 аҳолиаш пурра ба ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ муҳоҷир шуда, деҳа беодам монда буд. Солҳои 60-ум як қисми аҳолӣ баргашта деҳаи Бози Парон (10 буна) дубора дар ҳайати колхози Томини ноҳияи Восеъ бо сарварии раиси к-зи онвақта Карим Уроқов (Карим Ғурак) барқарор гардид.