Гулзор (деҳа, н. Муъминобод)
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Муъминобод |
Ҷамоат | Деҳоти Чилдухтарон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 23 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3318 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Гулзор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод. Аз Гулзор то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 32 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 23 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Шаҳрак таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаи Гулзор обёрӣ мешаванд.
Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]
Аҳолиаш солҳои 1950 барои обод кардани заминҳои бекорхобида ва васеъ намудани заминҳои пахта ба ноҳияи Восеъ кӯчида, деҳа беодам монда буд. Мардум аз соли 1990 ба деҳа баргашта, онро обод карданд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гулзор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2