Jump to content

Чорсӯ (деҳа, н. Балхӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Чорсӯ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ҷалолиддин Балхӣ
Ҷамоат Деҳоти Узун
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Болшевик
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2180 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3247

Чорсӯ (то 2024 — Болшевик[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ. Аз деҳа то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2180 нафар (2017), тоҷикон.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, маркази савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Гулистон обёрӣ мешаванд.

Мувофиқи иттилои Бибисоро Бегнаева (собиқ сарвари бригада) аҳолии Болшевик аз ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) ва вилоятҳои Намангону Сурхандарёи Ӯзбекистон (қунғуротҳо) муҳоҷир шуда, бо сарварии раиси колхози Карл Маркс Сафар Ҷумъаев Болшевикро обод кардаанд.

  1. ADLIA. mmih.tj. 3 Декабри 2024 санҷида шуд.