Борбад (деҳа, н. Хуросон)
Зоҳир
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Хуросон |
Ҷамоат | Деҳоти Қизилқалъа |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 469 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3242 |
Нишонаи почта | 735140 |
Борбад — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон. Аз Борбад то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 48 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 469 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби деҳаи Ҳаёти Нав таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз рӯди Вахш тариқи наҳри Шохаи Рост обёрӣ мешаванд.
Таърих ва мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳаи Борбад аз аввал дашти беобу беодам буд. Баъди кандани наҳри Вахш (соли 1966) заминҳо обёрӣ шуда, аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ деҳа дар ҳайати колхози ба номи Максим Горкийи ноҳияи Бохтар ташкил шуд, ки мардумаш асосан ғалла мекоштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Борбад // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2