Гулистон (деҳа, н. Хуросон)
Jump to navigation
Jump to search
Деҳа | |
---|---|
Гулистон | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Хуросон |
Ҷамоат | Деҳоти Садриддин Айнӣ |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1811 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3242 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣи ноҳияи Хуросон. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 22 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1811 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, осиёби хусусӣ, фермаи чорвопарварӣ, масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии маркази ҷамоат (шаҳраки Уялӣ) давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Ёвонсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 11 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2