Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гулрез (деҳа, н. Хуросон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулрез
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Хуросон
Ҷамоат Деҳоти Ҳилолӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Ойкамар
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1920 нафар (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3242
Нишонаи почта 735140

Гулрез (собиқ Ойкамар, то соли 2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳилолӣи ноҳияи Хуросон. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 14 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1920 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1929 ташкил шудааст.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Ёвонсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулрез 18 хоҷагии хурди деҳқонӣ, ҶДММ «Аграрии водии зарин», ҶДММ «Зотпарварии Саодат» мавҷуданд.