Jump to content

ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Муассисаи давлатии Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”
Мамлакат  Тоҷикистон
Минтақаи пахш  Тоҷикистон
Парчами Замин Замин
Замони пахш аз соати 7 субҳ то соати 23 шаб
Забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
Маркази идоракунӣ кӯч.Айнӣ 259, ноҳияи Шоҳмансур, Душанбе, Тоҷикистон
Формати тасвир DVB-S/MPEG-4/HD
Оғоз 1 апрели соли 2022
Бинандагон наздики 10 миллион
Асосгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Молик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Роҳбарон Дилафрӯз Амирзода, Умед Шарифзод, Шоҳрухмирзо Исмоилзода
Каналҳои хоҳар

Тоҷикистон ТВ Тоҷикистон

Тоҷикистон ТВ Сафина
Тоҷикистон ТВ Баҳористон
Тоҷикистон ТВ Ҷаҳоннамо
Тоҷикистон ТВ Варзиш
Тоҷикистон ТВ Синамо
Тоҷикистон ТВ Футбол
Тоҷикистон ТВ Шаҳнавоз
Тоҷикистон ТВ Илм ва табиат
Шиор "Муаррифгари имкониятҳои сайёҳӣ, таъриху фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон!"
Сайт tvsayohi.tj
Дастрасӣ
Спутник
YAHSAT 1A 11785 H 27500 3/4 
NSS 12 11565 H 10740 3/4 

ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (ТВ Туризм и народные ремёсла/TV Tourism and folk crafts)шабакаи телевизионии давлатӣ, умумимиллию сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, ки аз 1 апрели соли 2022 дар ҳудуди Тоҷикистон давоми шабонарӯз 16 соат, намоиш дода мешавад. ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро дар хориҷи Тоҷикистон бо ёрии телевизионҳои моҳворавӣ ва ё интернет тамошо кардан мумкин аст. Дар сомонаи расмии шабака низ тамошобинон метавонанд, барномаҳоро дар пахши зинда бо сифати HD тамошо намоянд.

Тестҳои техникиаш аз 1 сентябри соли 2022 бо моҳвораи Yahsat 1A (мавқеи корӣ 52,5°E) дар сифати HD, бе коддарорӣ, бо параметри: 11785 МГц, поляр. H, SR 27500, FEC.

1 апрели соли 2022 бо мақсади инкишоф додани иқтидори воқеии шаҳру деҳот, муаррифии манзараҳои зебои кишвар, мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият шурӯъ намуд. Пас аз 1 сентябри соли 2022 бо пайваст шудан ба моҳвораи ЯҲСАТ мавҷи Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба давлатҳои хориҷи кишвар низ дастрас гардид.

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси дастуру супоришҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, мусоидат ба рушди бемайлони ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва муарифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари барои сайёҳӣ мувофиқу дорои фарҳангу ҳунари волои таърихӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 таъсис дода шудааст.

Телевизиони Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 143 воҳиди корӣ дошта, сохтори он аз дастгоҳи марказӣ, ҳайати эҷодӣ иборат аз 5 раёсат, 4 шуъба, 3 бахш, инчунин, маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ ва шуъбаҳои техникию хизматрасонӣ иборат аст.

Забони аслии шабакаи телевизионӣ — тоҷикӣ, як қисми барномаҳо бо забони русӣ ва забони англисӣ барномарезӣ мешаванд.

Тамошобинони ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зиёда аз 10 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аз онҳо, бештар аз 5 миллионаш аз Тоҷикистон ва бақияаш аз Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва давлатҳои Аврупою ИМА мебошанд.

ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]