Jump to content

Ваҳдат (деҳа, н. Шоҳин)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Лов))
Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Шамсиддин Шоҳин
Ҷамоат Деҳоти Даштиҷум
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 58 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3319

Ваҳдат (пештара Лов) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин. Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 46 км. Аҳолиаш 58 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Рӯйкаш таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳояш лалмӣ. Мардуми Ваҳдат солҳои 1955–56 ҳамагӣ ба ноҳияи Фархор муҳоҷир шуда, деҳа беодам мондааст. Соли 1991 аҳолиаш қисман баргашта, деҳаро барқарор кардаанд[1].

  1. Ваҳдат // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.