Jump to content

Вена

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вена (шаҳр))
Шаҳр
Вена
олмонӣ: Wien
Парчам Нишон
Парчам Нишон
48°13′00″ с. ш. 16°22′24″ в. д.HGЯO
Кишвар Австрия
Тақсимоти дохилӣ 23 музофот
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри I то м.
Аввалин номбарӣ асри I то м.
Масоҳат
Баландии марказ 151 м ва 198 м[2]
Минтақаи замонӣ UTC+1[d], UTC+02:00 ва Central European Time[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ венӣ, вениҳо
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +43 Шаблон:Без начала
Нишонаи почта 1000–1239, 1400, 1402, 1251–1255[4], 1300–1301[4], 1421, 1423, 1500, 1502–1503, 1600–1601, 1810 ва 1901
Коди мошин W

wien.gv.at
(олмонӣ)(англ.)(тур.)
Вена дар харитаи
Вена
Вена
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вена (олмонӣ: Wien [ˈviːn][ˈviːn], бав. Wean, лот. Vindobona) — пойтахти Австрия ва ҳамзамон яке аз нуҳ заминҳои федералии Австрия, воқеъ дар дохили замини дигари Австрияи Поёнӣ. Дар қисми шарқии мамлакат ҷойгир аст. Аҳолии Вена 1,73 млн нафар (2012); якҷоя бо атрофи шаҳр — тақрибан 2,3 миллион (бештар аз 25 фоизи аҳолии Австрия); ҳамин тавр, Вена аз ҷиҳати аҳолӣ аз ҳама калонтарин дар Австрия мебошад, ҷои ёздаҳумро дар байни ҳама шаҳрҳои бузурги, Иттиҳоди Аврупо ишғол кардааст. Маркази фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Австрия.

Дар замонҳои қадим дар ҳудуди Вена деҳаҳои келтҳо ҷойгир буданд. Дар асри 1 дар он ҷо урдугоҳи ҳарбии римии Виндбан ташкил карда шуд. Вена аввалин бор дар маъхазҳо соли 881 ҳамчун деҳаи Вениа зикр шудааст. Дар асрҳои 11-12 маркази савдо, дар миёнаҳои асри 12 қароргоҳи герсогҳои австриягии Бабенбергҳо, аз асри 16 пойтахти давлати Габсбургҳои Австрия буд. Солҳои 1529 ва 1683 Венаро туркҳо ишғол карданд. Дар асрҳои 18-19 яке аз марказҳои бузурги фарҳанги аврупоӣ буд, дар он мактаби мусиқии классикии Вена ташаккул ёфт. Солҳои 1805 ва 1809 Венаро лашкариёни Наполеон забт намуданд. Солҳои 1814—1915 дар Вена Конгресси Вена баргузор гардид. Солҳои 1848—1949 маркази ҳаракатҳои инқилобӣ буд. Аз соли 1867 пойтахти Австро-Венгрия, аз соли 1918 пойтахти Ҷумҳурии Австрия. Солҳои 1938—1945 Венаро сипоҳиёни Олмон ишғол намуданд. Апрели 1945 Венаро лашкариёни Шӯравӣ озод карданд. Солҳои 1945—1955 Венаро ИҶШС, Бритониёи Кабир ва Фаронса идора мекарданд. Баъди дар Вена қабул шудани қонун дар бораи бетарафии доимии Австрия шаҳр ба қароргоҳи теъдоде аз ташкилотҳои байналмилалӣ — Агентии байналмилалии неруи атом, СММ дар бораи рушди саноат (ЮНИДО) ва ғайра табдил ёфт.

Масоҳати Вена 415 км² — ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, Вена аз ҳама хурдтарин замини федералии Австрия мебошад. Майдони шаҳр аст, ба таври зерин тақсимбандӣ шудааст:

Замини сохтмон
11,3 %
Майдони роҳҳо
11,1 %
Майдонҳои роҳи оҳан
2,2 %
Боғҳо (Паркҳо)
28,4 фоиз
Майдонҳои обӣ
4,6 %
Токзорҳо 1,7 %
Қитъаҳои ҷангал
16,6 %
Майдонҳои хоҷагии қишлоқ
15,8 %
Дигарҳо 8,3 %

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Тақсимоти маъмурии Вена

Вена ба 23 ноҳия тақсим шудааст:

Вена маркази саноатии Австрия мебошад (қариб 1/3 ҳиссаи саноати мамлакат дар Вена ҷойгир аст). Дар Вена саноати мошинасозӣ, коркарди филиззот, кимиё, дӯзандагӣ, пойафзор, табъу нашр, хӯрокворӣ тараққӣ кардааст. Барои содирот либосҳо, кулоҳ, пойафзор, мебел, созҳои мусиқӣ ва ғайра истеҳсол мекунад.

Ёдгориҳои меъморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Вена аз осори меъморӣ Калисои ҷомеи Стефани Муқаддас (асрҳои 12-15), қароргоҳи собиқи Габсбургҳо — Хофбург (асрҳои 13-19), бинои китобхонаи миллӣ (1735), қалъаҳои Белведери Поин (1714—1716) ва Белведери Боло (1721—1722), қасру боғии Шёнбрунн (1695—1700), бинои «Бургтеатер» (1874—1898) ва ғайра боқӣ мондаанд. Маркази таърихии Вена ба рӯйхатти осори биноҳои Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.

Маворифу фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Вена Донишгоҳи Вена, АИ Австрия, Мактаби олии техникӣ, Институти савдои ҷаҳонӣ, Академияи санъати тасвирӣ, осорхонаҳо, нигористони Австрия, осорхонаҳои инфиродии Вена А. Мотсарт, Л. ван Бетховен, Ф. Шуберт, Й. Гайдн, И. Штраус (падар), И. Штраус (писар) ҷойгир шудаанд. Филармонияи Вена, Операи давлатии Вена, Хори кӯдаконаи Вена, Оркестри филармонияи Вена шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Ҳар сол ба Вена қариб 8 млн сайёҳ меояд. Дар Вена дар оғози сол Базмҳои солинавӣ ва Карнавали Фашинг, дар моҳи май Фестивали байналмилалии ҳунар баргузор мегардад.

Нишони Вена дар солҳои 1461—1925.
Нақшаи вена, соли 1547
Муҳосираи Вена аз тарафи туркҳо, соли 1683

Вена маркази архиепархия-митрополияи Калисои Римӣ-католикӣ мебошад. Тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2001, тақсимоти аҳолии шаҳр аз рӯи дин ба тарийи зайл аст:

Католикӣ 49,2 %
Бединҳо 25,7 %
Ислом 7,8 %
Православҳо
6,0 %
Протестантизм (асосан лютеранство) 4,7 %
Яҳудӣ 0,5 %
Дигар динҳо ва эътиқодоти номаълум
6,3 %