Jump to content

Гандумкӯча

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гандумкӯча — яке аз хӯрокҳои анъанавии тоҷикон, ки хоси фасли баҳор ва таоми рамзомезу маросимии ҷашни Наврӯз мебошад.

Гандумкӯча бо ҳамин ном дар водии Ҳисор маъмул буда, онро дар дигар минтақаҳо «далда» (Кӯлоб), «кашк» (Яғноб), «боҷ» ва «гандумбоҷ» (Бадахшон), «фарбеч» (Мастчоҳ), «гӯҷа» (дар Панҷакент), «оши кӯча» (Шаҳринав) ва ғайра меноманд. Хӯроки мазкур, ки аз анвои ғалладона ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи баракату фаровонии ҳосили кишоварзиро ифода мекунад. Гандумкӯчаро мардуми ноҳияи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахӯд, лубиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, гашнич, пиёз ва ғайра мепазанд. Дар минтақаи Кӯлоб далда аз ҳамин гуна маводи ғизоӣ таҳия шуда, ба он каллаву поча ва гӯшти гӯсфанд ё говро низ ҳамроҳ мекунанд.

Дар водии Шохдара (Роштқалъа) ҳангоми пухтани гандумкӯча, ки «боҷ» ном дорад, аз соли нави оянда як навъ фол гирифта мешавад. Онҳо дар вақти пухтани боҷ дар гӯшаҳои дег навъҳои ғалладонаро мегузоранд. Масалан, дар як гӯшаки дег боқило, дар гӯшаки дигар ҷав, дар гӯшаки севум арзан ва дар гӯшаки чаҳорум гандум мегузоранд. Ҳангоми пухтани боҷ соҳибхона мунтазири ҷӯшидани оби дег мешавад ва мушоҳида мекунад, ки об аз кадом тараф зудтар меҷӯшад. Масалан, агар оби ҷониби гӯшаки чаҳорум зудтар биҷӯшад, ин маънои онро дорад, ки дар ҳамон сол ҳосили ин навъи зироат фаровон мешавад.

Дар деҳоти Дарвоз ин таомро «кашк» меноманд, ки тарзи пухтанаш назар ба гандумкӯча андаке тафовут дорад. Дар гузашта мардуми Дарвоз кашкро аз гандуми кӯбида, каллаву поча ва рӯдаи гӯсфанд, пиёз, сабзӣ, гашнич ва намаку қаламфур таҳия карда, онро дар кӯзаи даҳонкалон андохта, даҳонаш сахт мебастанд ва дар хокистари сӯзон гӯр мекарданд. Баъзан барои мустаҳкам шуданаш, даҳони кӯзаро бо хамир маҳкам менамуданд. Кӯзаи кашкдор он ҷо аз аввали шаб то ба саҳар меистод ва онро вақти саҳар берун оварда, истеъмол мекарданд. Дар Варзоб гандумкӯча хӯроки маросимӣ ҳисоб ёфта, онро аз ҳафт навъи гиёҳу ғалладона: гандум, нахӯд, наск, лубиё, мушунг, баргҳои лаблабу, пиёз ва гашнич таҳия менамуданд. Дар баъзе деҳаҳо онро бо номҳои гандумкӯча, гандумҷӯш, гунгина, кашк ва далда ёд мекарданд, ки моҳиятан як таом буд. Гандумкӯчаро, агар дар як хона пухта шавад, ҳатман ба хонаҳои ҳамсояҳо тақсим менамуданд, то ки савобаш бештар расад.

Дар баъзе рустоҳои Шаҳринав дар замони пеш, агар сол вазнин биёяд, мурдаю беморӣ бисёр шавад, «деги дарвешон» мекарданд. Аз кӯфтаи гандум ва нахӯди таркардаву мош бо донагиҳо оши кӯча пухта, ба шахсони пир, беваю бечорагон тақсим мекарданд ва сипас дуову фотиҳа хонда аз даргоҳи Худованд тинҷиву амонӣ ва хайру баракатро хоҳон мешуданд. Оши кӯчаро занҳо дар айёми Наврӯз дар кӯчаҳо мепухтанд. Ҳамин ки оши кӯча мешуд, «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим» гуфта, сарпӯши дегро бардошта, аввал ба шахсони бекасу кӯй ва пиронсолони барҷомонда мефиристоданд. Сипас ба кӯдакон ҷои нишаст омода карда, аз он таом кашида медоданд. Баъд аз ин ба хонаҳо тақсим мекарданд.

Гандумкӯча ба ғайр аз таоми наврӯзӣ ва оши кӯча, яъне оши хайрия буданаш, инчунин хӯроки маросимҳои сусхотун (ашаглон), гулгардонӣ ва чанде дигар низ мебошад. Дар ойини сусхотун занҳо ба хонаҳои аҳли деҳ рафта, таронаи боронталабиро мехонанд ва ба сари зани сусхотуншуда аз хонаҳо об мерезанд. Сипас соҳибхонаҳо ба гурӯҳи боронталабон гандум ё нахӯд, лубиё ва ғайра медиҳанд. Онро занҳо ҷамъ карда, дар хонае нишаста гандумкӯча ё далда пухта бо ҳам мебинанд.

  • Ершов Н.Н. Пища // Таджики Каратегина и Дарваза. Душанбе, Вып. 2, 1970;
  • Неменова Р.Л. Таджики Варзоба. Д., 1998;
  • Аҳмадов Р., Раҳимов Д. Фарҳанги мардуми диёри Турсунзода. Д., 2012.