Гаҳворасозӣ
Гаҳворасозӣ - ҳунари сохтани гаҳвора. Дар он кӯдак аз ҳафт-даҳрӯзагиаш то 2-3-солагиаш мехобад. Устоҳои гаҳворасоз мавриди сохтани гаҳвора ҳунари худро бо меҳру муҳаббати беандоза ба кӯдакон изҳор медоранд. Ҳунарманд заҳмат харҷ намуда, кӯшиш мекунад, ки гаҳвора роҳатбахшу мунаққаш бошад ва ба тифл аз оғоз эҳсоси зебоипарастиро тақдим намояд. Гаҳвораро аз чӯби дарахтони бед,чинор, чормағз, зардолу ва пояашро бештар аз чӯби тут месозанд. Одатан дарозии гаҳвора аз 92 см то 1-1,5 м, бараш 35- 45 см ва баландиаш 50 - 60 см мешавад. Гаҳвора аз даста ва тахтчӯба иборат буда, поёнтари тахтчӯбаро барои тубак (сиба) сӯрох мекунанд. Даста бо тахтчӯба аз ду тараф бо чанбари нимдоира васл мешавад. Барои муҳофизати сар ва пойи кӯдак ба дохили чанбар ба тарзи амудӣ чӯбакҳо мегузоранд. Чӯби дастбанд ва побанд дар зери гаҳвора дар байни ду поя ё зерчӯби паҳлӯи гаҳвора гузошта мешавад. Даставу чанбарҳо ва қасабаи гаҳвораро наққошиву кандакорӣ мекунанд ва бо кандакориҳо ороиш медиҳанд. Барои бозии кӯдак дар ҷо-ҷои даста бозича, ғилдиракчаҳои кунгурадори чӯбӣ ва ҳар гуна марҷону зангӯлачаҳо меовезанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Гаҳворасозӣ. 13 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |