Jump to content

Гули Сурх (деҳа, н. Норак)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гули Сурх
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Норак
Ҷамоат Деҳоти Дуконӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 165 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3138
Нишонаи почта 735300

Гули Сурхдеҳа дар ҷамоати деҳоти Дуконии ноҳияи Норак. Аз Гули Сурх то маркази ҷамоат 9 км, то маркази ноҳия 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 165 нафар (2017), тоҷикон.

Гули Сурх то Инқилоби Октябр дар ҳайати бекигарии Ҳисор, то соли 1940 дар ҳайати ноҳияи Файзобод, то соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Кофарниҳон буд. Аз соли 1996 ба ноҳияи Норак гузаронда шуд.

Масҷиди панҷвақта, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хучалонӣ давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз чашмаҳои Оби Таг, Қурбоналӣ ва Сафедорҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 4 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.