Гулобод (деҳа, н. Дӯстӣ)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулобод | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Дӯстӣ |
| Ҷамоат | Деҳоти Ҷиликӯл |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1966 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3248 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Гулобод (собиқ 8-уми Март) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия аз 1 км камтар; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1966 нафар (2017), тоҷикон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1930 ташкил шуда, аксари мардумаш аз ноҳияи Данғара кӯчида ин деҳаро обод кардаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, осиёб, нуқтаҳои савдои хусусӣ, дорухона, устохонаи кафшергарӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Яккаюз обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 28 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Генерал Саидмурод Қодиров дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2