Панҷрӯд (деҳа, н. Дӯстӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Панҷрӯд
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Дӯстӣ
Ҷамоат Деҳоти Ҷиликӯл
Номҳои пешина Бешариқ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 1550 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3248
Нишонаи почта 735140
Коди мошин TJ03

Панҷрӯд (собиқ Бешариқ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ. Аз Панҷрӯд то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 5 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1550 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]