Гулрез (деҳа, н. Дӯстӣ)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Гулрез | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Вилояти Хатлон |
| Ноҳия | ноҳияи Дӯстӣ |
| Ҷамоат | Деҳоти Ҷиликӯл |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Номҳои пешина | Коминтерн |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 598 нафар (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3248 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Гулрез (собиқ Коминтерн) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1033 нафар (2014), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи фарҳанг, беморхона, маркази идораи маъмурии хоҷагии деҳқонӣ, пойгоҳи нақлиётӣ, фермаи чорводорӣ, 8 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, коргоҳи қолинбофӣ, 3 осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Яккаюз обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулрез хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Эргаш Султонов дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулрез // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2