Даштиработ (Дӯстӣ)
Намуди зоҳирӣ
| Деҳа | |
Даштиработ | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Дӯстӣ |
| Ҷамоат | Шаҳраки Хуррамдиёр |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Номҳои пешина | Зафаробод |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1483 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3248 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Даштиработ (то 2024 — Зафаробод[1]) — деҳа тобеи шаҳраки Хуррамдиёри ноҳияи Дӯстӣ.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз деҳа то маркази ҷамоат 8 км, то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 1483 нафар (2017), тоҷикон. Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи пойгоҳи обкашӣ аз рӯди Вахш обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 8 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва корхонаи таъмири автомашинаҳои сабукрав фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зафаробод (Даштиработ) // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2