Jump to content

Деҳоти Кӯлканд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ҷамоат
Кӯлканд
Ҷамоати Кӯлканд
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи ноҳияи Исфара
Шомили 3 деҳа
Маркази маъмурӣ Кӯлканд
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 22 731 нафар (2015)
Миллият тоҷикон, ӯзбекон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.
Коди телефон +992 3135
Нишонаи почта 735610
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ02
Кӯлканд дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Кӯлкандҷамоати деҳотест дар қисмати шимолӣ-шарқии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд. Кӯлканд дар қисмати ҷанубии водии Фарғона ҷой гирифтааст. Ба ҳайати он 3 деҳа: Кӯлканд, Гулистон ва Офтобрӯ дохил ҳастанд.

Дар шимол бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар ҷануб бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Аз ғарб ба ҷамоати Кӯлканд ҷамоати Навгилем мепайвандад, қисмати шарқии он бошад, бо ҷамоати Чилгазӣ ҳамсарҳад аст.

Маркази ҷамоатро деҳаи ҳамноми он ташкил медиҳад, ки бо шаҳри Исфара бо роҳи асосии мошингард (аз вокзали автобусии шаҳр то Кӯлканд масофа 7 км) пайваст шудааст. Он аз маҳаллаҳои Қалъача, Себзор, Гузар, Боғдорӣ (Маҳаллаи Калон) ва Ӯзбекмаҳалла иборат аст. Ба таркиби деҳаи Кӯлканд инчунин маҳалли хурди дар байни боғот воқеъгашта - Қирғизмаҳалла шомил аст.

Мувофиқи маълумоти таърихӣ деҳаи Кӯлканд аз садаи XIV боз аҳолинишин аст, номи он аз калимаи аслаш туркии "кӯл" ва пасванди суғдии "канд" (хоси бисёр топонимҳои шаҳру деҳоти Осиёи Миёна) бармеояд. Аз рӯи ривоят дар ҷое, ки ҳозир деҳаи Кӯлканд воқеъ аст, дар давраҳои пеш кӯле вуҷуд доштааст. Қисми қадимтарин ва таърихии Кӯлканд гирдуатрофи кӯчаи марказӣ аз собиқ мактаби куҳна (МУПКи имрӯза) то масҷиди Гузар ба ҳисоб меравад. Дар деҳаи Кӯлканд соли 1929 яке аз авваллин дар ноҳия мактаби советӣ ташкил ёфт (онвақта рақами 6, имрӯза мактаби таҳсили ҳамагонии рақами 34), худи ҳамон сол се колхози хурд ба вуҷуд омад. Ин колхозҳо соли 1950 ба колхози ба номи Куйбишев муттаҳид гардонда шуданд. Дар солҳои 70-уми асри гузашта ин хоҷагӣ ба яке аз пешқадамтарин хоҷагиҳои боғдор ва сабзавоткори ҶСС Тоҷикистон табдил ёфт. Имрӯз ин хоҷагии ҷомеавӣ номи собиқ сарвари он марҳум Мукаррамовро гирифтааст. Заминҳои кишоварзӣ ва боғоти Кӯлканд, хусусан дар тарафи ҷануби он воқеъгашта, ки аз ду канали дар замони шӯравӣ кофташуда обёрӣ карда мешаванд, дар ҳақиқат зархезанд. Дар онҳо навъҳои болаззаттарини бисёр меваю сабзавоти гармиталаб парвариш карда мешаванд. Зардолузорҳои хоҷагии деҳа бошанд, дар миқёси ҷумҳуриявӣ машҳуранд. Навъҳои аз глюкоза бойи зардолу, аз қабили қандак, бинигорӣ, мирсанҷарӣ, ки ғайри саҳро дар аксари ҳавлиҳои кӯлкандиён низ мерӯянд, ширинтарин дар ҷаҳон эътироф шудаанд. Муайян шудааст, ки иқлими барои парвариши зардолу мусоидтарин маҳз дар боғҳои ноҳияи Исфара (аз ҷумла дар Кӯлканд) мавҷуд аст, он аз иқлими дигар ҷойҳои Осиёи Миёна фарқ мекунад. Дар ҷаҳон боз минтақаи барои сабзиши зардолу мувофиқтарин ҳаст — Итолиёи Ҷанубӣ, вале аз сабаби иқлими баҳрӣ доштани он ҷо таъми зардолуи итолиёӣ мисли маззаи зардолуи Исфара, ки аз иқлими гарми хушки континенталӣ ва нисбатан наздик будани кӯҳсори барфпӯш баҳра мебарад, нест. Барои ҳамин ҳам дар солҳои шӯравӣ хоҷагии Куйбишев аз парвариши пахта даст кашид-иқлими ин ҷо барои пахта (ва ҳамчунин барои зироати боғчавӣ-тарбузу харбуза ва барои дарахтони ситрусӣ) нисбатан сард аст. Дар сад соли охир аҳолии Кӯлканд мунтазам меафзояд, вале азхудкунии маҳалҳои нав барои зист маҳз дар айёми истиқлол авҷ гирифт. Алҳол масоҳати қисми аҳолинишини деҳа нисбат ба соли 1989 дучанд зиёд гардидааст. Сарҳади онро акнун аз ҷануб ҷӯи Чилгаз (онро барои обёрии ҳавлиҳо истифода мебаранд) ва аз шимол заминҳои хоҷагии ҷомеавӣ муайян мекунанд, аз шарқу ғарб ҳавлиҳои Кӯлканд ба заминҳои ҷамоатҳои ҳамсоя дакка хӯрдаанд. Барои ҳамин дар солҳои охир маскуншавӣ дар деҳаи бо Қирғизистон ҳаммарзи Гулистон аз тарафи сокинони маркази ҷамоат ба назар мерасад. Аз заминҳои зистанбоб ва ғайрикиштукории ҷамоат маҳз он ҷо қобили аз ҳисоби ҳавлиҳои зист васеъ шудан мебошад. Кӯлканд бо боғҳои фароғатӣ-маданиаш, аз ҷумла бо Чорбоғ ва Чорчаман шуҳрат пайдо кардааст. Бошишгоҳи серсояву обшори Чорбоғ ҷои дӯстдоштаи хурду калони деҳа барои гузаронидани маросиму чорабиниҳои ҷамъиятиву оилавӣ аст, дар минтақаи таърихии Чорчаман бошад, соли 1961 яке аз саҳнаҳои филми машҳури Ҳасани аробакаш наворбардорӣ шудааст. Шаъну шарафи Кӯлкандро дар варзиш дастпарварони мактаби варзишии наздихоҷагивӣ ва футболбозони тими яккачини "Боғдор" ҳимоя менамоянд. Дар ҷамоати Кӯлканд намояндагони се миллат — тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо дӯстона зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Аҳолиаш дар аввали соли 2003 ба 18072 нафар баробар буд. Бинобар саршумори соли 2015 ҷамоат 22 731[1] нафар аҳолӣ дошт.

Деҳоти ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]
Деҳаҳои Ҷамоати Кӯлканд
Деҳа Аҳолӣ
Кӯлканд 20915
Гулистон 2636
Офтобрӯ 125

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таълиму тарбия дар ҳудуди ҷамоат дар 2 муассисаи томактабӣ, 6 мактаби таҳсили ҳамагонӣ, гимназия-литсей ва Мактаби касбӣ(МУПК) ба пеш бурда мешавад.

Деҳа дорои клуби фарҳангӣ-фароғатӣ, маркази алоқа, почта, маркази компютерӣ ва варзишгоҳ аст, якчанд чойхона, дорухона, мағозаҳои озуқаворӣ ва молҳои хоҷагӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ,чӯбу тахта ва молҳои сохтмонӣ амал мекунанд.

  1. Demography. untj.org. 28 Январ 2023 санҷида шуд.