Гулистон (деҳа, н. Исфара)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Гулистон | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Суғд |
| Ноҳия | Исфара |
| Ҷамоат | Деҳоти Кӯлканд |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 2636 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Пешшумораи телефон | +992 3462 |
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Кӯлканди ноҳияи Исфара. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 7 км; то маркази вилоят 118 км, роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2636 нафар (2017).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа солҳои 1980 ташкил шуда, мардумаш аз деҳаҳои Кӯлканд, Навгилем, Чилгазӣ ва шаҳри Исфара омада, онро обод кардаанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, муассисаи фарҳангию фароғатӣ, 1 дукони нонпазии хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри 50-солагии Тоҷикистон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон як хоҷагии коперативии ба номи Фахриддин Нуриддинов мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2