Бозгул Додхудоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Додхудоева Бозгул)
Бозгул Додхудоева
1994 — 1999
1992 — 1994
Пешгузашта Зокир Вазиров
Ҷонишин Мунира Иноятова

Таваллуд 10 апрел 1939(1939-04-10) (85 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо

Бозгул Додхудоева (Додхудоева Бозгул Додхудоевна; зод. 10 апрели 1939, вилояти Шуғнон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — омӯзгор ва сиёсатмадори тоҷик, вазири маорифи Тоҷикистон (1992—1994), муовини сарвазири Тоҷикистон (1994—1999).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозгул Додхудоев 10 апрели соли 1939 дар деҳаи Поршинови ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро ба итмом мерасонад. Сипас факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанберо хатм мекунад.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввал муаллим баъдан ҷонишини директор ва панҷ соли дигар директори мактаби рақами 38-и шаҳри Душанбе шуда, кор кардааст. Баъдан мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ шуда кор мекунад. Аз соли 1988 то 1992 боз ба ҳайси мудири маорифи шаҳр фаъолият кардааст.

Аз соли 1992 то соли 1994 вазири маориф, аз соли 1994 то 2000 муовини сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон будааст.

Феълан раҳбари Маркази таълимии бонувони «Сарвар» дар шаҳри Душанбе мебошад[1].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени «Шараф» (ИҶШС)
  • Медали «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»
  • Медали «Мубориз барои сулҳ»
  • Ордени «Шараф» (ҶТ)
  • Медал ба ифтихори «20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тотҷикистон»
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон
  • Аълочии маорифи ИҶШС
  • Аълочии маориф Тоҷикистон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Султони Ҳамад. Бозгул Додхудоева: «Занон ҳомиёни сулҳу ваҳдатанд». www.ruzgor.tj. Рӯзгор (8 августи 2009). 9 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2020.