Заргар (деҳа, н. Ховалинг)
Намуди зоҳир
| Деҳа | |
Заргар | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Ховалинг |
| Ҷамоат | Деҳоти Лоҳутӣ |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 419 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3317 |
| Нишонаи почта | 735140 |
Заргар — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг. Аз Заргар то маркази ҷамоат 24 км, то маркази ноҳия 23 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 419 нафар (2017), тоҷикон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа китобхона, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Оби Дара давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо қисман лалмӣ буда, қисми дигарашон аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 40 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоев.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Заргар // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2