Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Заркӯҳ (деҳа, н. Ховалинг)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Заркӯҳ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия ноҳияи Ховалинг
Ҷамоат Деҳоти Ҷомбахт
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1788 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3317
Нишонаи почта 735140

Заркӯҳ (то соли 1990 Шехон) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг. Аз Заркӯҳ то маркази ҷамоат 17 км, то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 1788 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, клуб, осиёби барқӣ, 2 масҷиди панҷвақта ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ҷангалпарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо – лалмӣ. Дар ҳудуди деҳа 3 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.