Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Зардолудашт (деҳа, н. Ховалинг)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Зардолудашт
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ховалинг
Ҷамоат Деҳоти Лоҳутӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 300 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3317
Нишонаи почта 735140

Зардолудашт — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг. Аз Зардолудашт то маркази ҷамоат 24 км, то маркази ноҳия 47 км. Аҳолиаш 300 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳалқаёр давом медиҳанд. Деҳа осиёби барқӣ, китобхона ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо қисман лалмӣ буда, қисми дигарашон аз чашмаҳои кӯҳӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 35 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.