Гуштосп
Пеша | аждаҳокуш |
---|---|
Падар | Луҳросп |
Фарзанд | Исфандиёр, Пашутан, Фаршедвард, Ҳумой ва Беҳофарид |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гуштосп (дар Авесто Виштаспа ба маънии «дорандаи аспи мода») — подшоҳи Эрон аз силсилаи Каёниён, ҳамзамони Зартушти паёмбар.
Гуштосп дар адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар «Гоҳон» Зардушт чаҳор бор аз ин фармонраво ном мебарад, ки се бор он ба гунаи «Кави-виштаспа» («Кай-гуштосп») аст ва Кави (Кай) — чунонки дар зери ҳамин вожа гуфтаем, — ба маънии раиси ашираву фармонраво, унвони фармонравоёни дудмони Каёниён аст, ки Гуштосп низ яке аз онон аст. Ба сабаби аҳамияти фаровоне, ки дар дини зардуштӣ барои Гуштосп ва нақши ӯ дар устуворсозиву густариши ин дин қоил будаанд, дар Авестои куҳан наске ҷудогона ба номи ӯ ва дар ситоиши ӯ вуҷуд дошта, ки дар «Динкард (Китоб)» аз он ёд шудааст. Дар Авестои кунунӣ ҳам — гузашта аз «Гоҳон», ки гуфтем — борҳо ба ному ситоиши Гуштосп бармехӯрем ва дар «Виспарад» бахше ба номи «Офарини паёмбар Зардушт» ҳаст, ки дуруду офарину орзуи нек аст аз забони Зардушт хитоб ба Гуштосп.
Гуфтанист, ки дар «Шоҳнома» чеҳраи Гуштосп ба куллӣ бо он чи дар Авесто мебинем, носозгор аст ва дарвоқеъ дар нуқтаи муқобили он қарор дорад. Ба назар мерасад, ки ривояти Авесто дар бораи Гуштосп, намоишгари бовару бардошти мубадони зардуштӣ ва ҳавзаҳои динии маздопарастӣ буда ва дар баробари он нақлу ривояти дигаре аз зиндагиву коркарди вай дар миёни мардуми Эрон вуҷуд дошта, ки дар «Шоҳнома» омадааст. Дар ҳамосаи Фирдавсӣ Гуштосп шоҳе худкомаву ситамгару найрангбозу нотавон аст, ки наметавонад аз Эрон дар баробари тохту този турониён падофанд кунад ва ба Систон мегурезад ва ҳангоми ҳуҷуми турониён ҳамсари ӯ Катоюн ба суроғаш меравад ва бо сарзаниши вай хабари ин тохту тозро ба-д-ӯ мерасонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Авесто. — Душанбе,2001.
- Zoroaster Бойгонӣ шудааст 4 июли 2019 сол.