Jump to content

Зардуштиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рамзи зардуштия

Зардуштиён — пайравони Дини Зардуштӣ ё Дини Маздоия ("Маздаясна" порсӣ: مزدیسنا ), дини халқҳои қадимаи Эронзамин, ки бо номи асосгузораш Зардушт маъмул аст. Дар асрҳои VII-VI пеш аз мелод ба миён омадааст ва дар байни аҳолии кишварҳои қадимаи Осиёи Миёна, Эрон, Шарқи Наздик интишор ёфтааст. Таълимоти дини Зардуштия ("Маздоия") дар китоби "Авесто" сабт шудааст.[1]

Зардуштия дини догматикӣ бо илми илоҳиёти мутараққӣ мебошад. Зардуштиёни замони ҳозира нуҳ мабдаи дин доранд.

Зардуштиён бар хилофи мусалмонҳову масеҳиён дар заминаи динпароканӣ фаъол нестанд. Ин ба он далел аст, ки зардуштиён равони ҳамаи пайравони динҳои дигарро барбодрафта ё наҷотхоҳ намедонанд. Онҳо бар ин боваранд, ки равони одамон пас аз маргашон на бар мабнои таъаллуқи динию мазҳабӣ, балки бар асоси андеша, гуфтор ва кирдорашон доварӣ мешавад. Бад-ин гуна, бино ба бовари зардуштиён, бовармандони динҳои дигар ҳам метавонанд зиндагии порсоёна дошта бошанду пас аз марг ба подафроҳ нарасанд (ҷазо набинанд).[2]

Демография аз рӯи кишвар

[вироиш | вироиши манбаъ]
Паҳншавии дини Зардуштия дар замони муосир

Рақамҳои дар поён овардашуда дар асоси пажӯҳиши Федератсияи Ассотсиатсияҳои зардуштиёни Амрикои Шимолӣ ва инчунин тадқиқоти этнографӣ оид ба порсишиносӣ ва дигар ҷамоаҳои қамиву-динии Зардуштия асос ёфтаанд.

Кишвар Шумораи имондорон [3]
Ҳиндустон Ҳиндустон 61.000
Эрон Эрон 25.271
Иёлоти Муттаҳидаи АмрикоИМА 14.405
Канада Канада 10.000
Осиёи Марказӣ 10.000
Подшоҳии МуттаҳидаИнглистон 5.500 [4]
СингапурСингапур 4.500
Покистон Покистон 4.235 [5]
АвстралияАвстралия 2.577
АфғонистонАфғонистон 2.000
Кишварҳои арабии халиҷи Форс 1. 900
Зеландияи НавЗеландияи Нав 1.232
Аврупо 1.000
Ҷамъ Тақрибан 200,000


  1. Авеста
  2. Мероси хаттии бостон. Ҷ.I ва II. - Душанбе,2016, - 565с.
  3. Zoroastrians Keep the Faith, and Keep Dwindling - NYTimes.com(пайванди дастнорас — таърих). 18 феврали 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 ноябри 2018.
  4. Census 2011: how many Jedi Knights are there in England & Wales? | UK news | guardian.co.uk(пайванди дастнорас — таърих). 17 феврали 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2013.
  5. Over 35,000 Buddhists, Baha'is call Pakistan home. The Express Tribune (September 2, 2012). 24 марти 2020 санҷида шуд.