Jump to content

Зариф Ибод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зариф Ибод
Зариф Ибод
Ном ба ҳангоми таваллуд: Зариф
Таърихи таваллуд: 10 сентябр 1936(1936-09-10) (88 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Дараи Азимбойи ноҳияи Балҷувон ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон
Солҳои эҷод: 1960 — то ҳол
Самт: реализм
Жанр: шеър, очерк
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1972); Дорандаи нишони «Сухан» (2008); Аълочии маорифи фарҳанги Тоҷикистон (2010), Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011); Медали Фонди шӯравии сулҳ; Ифтихорномаи шуъбаи Тоҷикистони Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ; Чандин ифтихорномаи ҳукуматӣ

Зариф Ибодшоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1983)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зариф Ибод 10 сентябри соли 1936 дар деҳаи Дараи Азимбойи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Дар 9 - солагӣ аз падар ва дар 13 - солагӣ аз модар маҳрум шуда, бепуштибон ва бемураббӣ мондааст.Ва ҳамаи мушкилиҳоро паси сар гузошта, мактаби ҳафтсоларо дар деҳаи Олучаи ноҳияи Кангурт (1952) бо баҳои аъло хатм карда, ҳамон сол донишҷӯи Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа шудааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба итмом расондааст. Солҳои гуногун муаллим, ходими адабии моҳномаи «Мактаби советӣ», корманди рӯзномаи минтақавии «Вахш», муовини сарвари Донишкадаи минтақавии такмили ихтисоси муаллимони Қӯрғонтеппа, мудири бахши адабии Театри мазҳакавӣ-мусиқавии Қурғонтеппа будааст. Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Фаъолияти адабиаш аз солҳои донишҷӯӣ сар шуда, ба туфайли нашри шеъри «Ба муаллим» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1960) ҷараёни доимӣ гирифтааст. То имрӯз китоби шеърҳои ӯ «Навоҳои зиндагӣ» (1978), «Давлати бедор» (1983), «Умед» (1985), «Аз нигоҳи дил» (1992), «Номус» (1993), «Туҳфа» (1996), «Шаҳри Қӯрғонтеппаи ман» (2000), «Бодоми думағз» (2001), «Бо сари боло» (2003), «Майдони андеша» (2004), китобҳои очеркҳояш «Бузургии инсон» (1982), «Қиссаи як марди одӣ» (1996), «Ёдҳо, ёдҳо, ёдҳо…» (1996), «Роҳи пурпечутоб» (1998), «Мактаби дӯстӣ» (1998), «Фарзанди диёр» (2000) ба дасти хонандагон расидаанд. Дар театрҳои касбию халқӣ асарҳои саҳнавияш «Набераи боғбон» (1982), «Ҳамқадаҳҳо» (1983), «Доруи фарбеҳкунак» (1990), «Ҳилаҳои аҷузкампир» (1999), «Гаҳвораҷунбонак ва Мор», «Гуроз ва харгӯшҳо», «Моҷарои обкашак» (2000), «Хотираи ҷанговар» (2005), «Айби мо не!» (2001) ва ғ. пешкаши тамошобинон гардидаанд. Солҳои 1981-1985 дар озмунҳои ҷумҳуриявии асарҳои саҳнавии якпардагӣ ширкат варзида, 5 маротиба сазовори дарёфти ҷоиза гардидааст. Аз русӣ шеърҳои алоҳидаи В. Солоухин, С.Баруздин, Ф. Алиева, Л. Василӣева,М. Дудин, аз ӯзбекӣ шеърҳои ҷудогонаи Б. Бойқобилов, Н. Нарзуллоев, Ҷ. Ҷабборов ва Т. Норбекро ба тоҷикӣ гардондааст. Чанд шеъри ӯ ба забонҳои украинӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

  • Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1972);
  • Дорандаи нишони «Сухан» (2008);
  • Аълочии маорифи фарҳанги Тоҷикистон (2010)
  • Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011);
  • Медали Фонди шӯравии сулҳ;
  • Ифтихорномаи шуъбаи Тоҷикистони Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ;
  • Чандин ифтихорномаи ҳукуматӣ.[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.91-92 ISBN 978-99947-2-379-9