Зарнисор (деҳа, н. Темурмалик)
| Деҳа | |
Зарнисор | |
|---|---|
| Кишвар |
|
| Вилоят | Хатлон |
| Ноҳия | Темурмалик |
| Ҷамоат | Деҳоти Кангурт |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 249 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3314 |
| Нишонаи почта | 735340 |
Зарнисор (то 11.12. 2012 Ҷамоғуриён) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик. Аз Зарнисор то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 31 км. Аҳолиаш 249 нафар (2017), тоҷикон.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Давлатшоён таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, кирмакдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз рӯди Тоҳирсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 3 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Шахсиятҳои маъруф
[вироиш | вироиши манбаъ]Барпокунандагони сохти колхозӣ дар минтақаи Кангурт Абдулло Тӯтиев ва Амиршо Шеров (бо ташаббуси онҳо бори нахуст роҳи автомобилгарди Кангурт — Оби Калон бунёд шудааст), фолклоршинос Холназар Шарифов, ходими давлатӣ Кароматулло Абдиев, омӯзгори собиқадор Изатулло Файзуллоев дар ҳамин деҳа ба камол расидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарнисор // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2