Jump to content

Зулфия Бобоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зулфия Бобоева
Зулфия Бобоева
Номи пурра Зулфия Бобоева
Таърихи таваллуд: 1 январ 1954(1954-01-01) (70 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ғончӣ
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор

Зулфия Бобоеварӯзноманигор, шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2005)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зулфия Бобоева 1 январи соли 1954 дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Соли 1960 ба мактаби зодгоҳаш рафта, дар 13-солагӣ гирифтори беморие гашта, мактаби миёнаро ғоибона фарҷом бахшидааст.

Ба фаъолияти эҷодӣ ҷиддан машғул буда, шеърҳои нахустинаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чоп шудаанд. Мақолаҳои публитсистии ӯ дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои алоҳида ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Бӯрон қизӣ», «Илтиҷо», «Бир кам дунё», «Қуёшдан қарз», «Тоғлар нидоси», «Ойсиз оқшомлар», «Эртага кеч бӯлади», «Кафимдаги капалак», «Сабрим саодати» мебошад, ки дар Душанбеву Тошканду Хуҷанду Истаравшан ба табъ расидаанд. Соли 2005 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. [1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 58- 59 ISBN 978-99947-2-379-9