Идҳои касбӣ (феҳрист)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" банди 5 ба нишони қадрдонии хизмати меҳнаткашони соҳаҳои дахлдори халқ ва соҳаи фаъолият рӯзҳои идҳои соҳавию касбӣ муайян шудаанд.

Идҳои касбӣ ҳар сол рӯзҳои зерин ҷашн гирифта мешаванд:

Рӯзи кормандони гумрук - 22 январ;

Рӯзи милиса - 6 феврал;

Рӯзи матбуот - 11 март;

Рӯзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;

Рӯзи геологҳо - якшанбеи якуми моҳи апрел;

Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;

Рӯзи байналмилалии моликияти ақлӣ - 26 апрел;

Рӯзи радио, иди кормандони тамоми соҳаҳои алоқа - 7 май;

Рӯзи кимёгарон - якшанбеи охирини моҳи май;

Рӯзи адвокатҳо - 26 май;

Рӯзи кормандони савдо, адои хизмати маишии аҳолӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якуми моҳи июн;

Рӯзи кормандони саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн;

Рӯзи мелиоратсия - якшанбе охирини моҳи июн;

Рӯзи байналхалқии кормандони кооператсия - 6 июл;

Рӯзи моҳигирон - якшанбеи дуюми моҳи июл;

Рӯзи металлургҳо - якшанбеи сеюми моҳи июл;

Рӯзи кормандони наrлиёти автомобилӣ - 25 июл;

Рӯзи сӯхторнишонӣ ва умури наҷот аз фалокат - 30 июл;

Рӯзи кормандони роҳи оҳан – 17 август;

Рӯзи кормандони сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август;

Рӯзи ихтироъкор ва навовар – якшанбеи сеюми моњи август;

Рӯзи ангиштканҳо - якшанбеи охирини моҳи август;

Рӯзи варзишгарон - 10 август;

Рӯзи дониш - 1 сентябр;

Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;

Рӯзи кормандони саноати нефту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;

Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

Рӯзи кормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

Рӯзи мошинсозҳо - якшанбеи охирини моҳи сентябр;

Рўзи кишоварзӣ - 8 октябр; (Қ ҶТ аз 5.08.09с, №538)

Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якуми моҳи октябр;

Рӯзи кормандони адлия ва суд - якшанбеи дуюми моҳи октябр;

Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;

Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;

Рӯзи кормандони Прокуратура - 14 декабр;

Рӯзи энергетикҳо - 22 декабр;

Пайвандҳои беруна[вироиш]

www.parlament.tj