Молик ибни Анас
Молик ибни Анас ибни Молик ибни Абӯомири Асбаҳӣ, бо номи имом Молик бештар машҳур аст (ар. مالك ابن أنس الأصبحي; 712, Мадина — 795, ҳамонҷо) — фақеҳ, муҳаддис, яке аз аиммаи чаҳоргонаи аҳли суннат, бунёдгузор ва пешвои мазҳаби моликӣ.
Вай дар амри дин устувор ва аз муровада бо хулафо, умаро ва дунёдорон сахт парҳез дошт. Боре халифаи аббосӣ Ҳорунаррашид ӯро ба ҳузур талабид, дар ҷавоб фармуд: Дигарон бояд ба маҳзари уламо бираванд. Ҳорун ба ночор ба хонаи ӯ рафт ва ба по воистод, сипас пеши рӯи вай ба замин нишаст ва аҳодисе аз ӯ шунид.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абӯомир ҷадди бузурги Молик ибни Анас (рҳ) саҳобаи бузурги расули Худо (с) ва бобиаш Молик аз бузургони тобеин ба шумор мераванд. Абӯомир аз қабилаи Зуасбаҳ дар Яман ва модараш аз қабилаи Азд — аз қабоили араби Яман аст ва Молик ибни Анас (рҳ) аз ҳарду ҷиҳат аз арабҳои холис ва яманитабори сокини Мадина ба шумор меравад.
Молик ибни Анас (рҳ) аз бузургони сокини Мадина, ки дар он айём муҳимтарин маркази фиқҳу ҳадис дар ҷаҳони ислом ба шумор мерафт ва аҳли фазлу илм аз ҳар сӯе ба он ҷо раҳли сафар мебастанд, илми дин омӯхт ва аз маҳофили илмии шахсиятҳое, ба монанди имом Зӯҳрӣ, Рабеа ибни Абдурраҳмон маъруф ба Рабеаи Раъй ва дигарон истифода кард. Вай пас аз чанде дар он ду илм ба яке аз марҷаъҳои муҳимми дин ва асотин (пояҳо, сутунҳо)-и ислом табдил ёфт ва дар масҷиди набавӣ барои тадрис ва фатво нишаст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай нахустин шахсияте дар ҷаҳони Ислом буда, ки дар илми ҳадис китобе бо номи Муваттаъ таълиф намудааст. Ӯ ин китоби арзишмандро дар муддати чиҳил сол таълиф ва тадвин кард ва он яке аз муътамадтарин мароҷеи суннати набавӣ дар ҷаҳони ислом ба шумор меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
- ↑ 3.0 3.1 Али-заде А. Малик ибн Анас (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ Крымский А. Малик (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1896. — Т. XVIII. — С. 468—469.
- ↑ Али-заде А. Нафи ибн Хурмуз (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007. — С. 616.
- ↑ Али-заде А. Джафар ас-Садик (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ Али-заде А. Шейбани Мухаммад ибн Хасан (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Қисмати ибодот ва аҳволи шахсӣ. — Душанбе: «Сифат-Офсет», 2017. — 992 с. — ISBN 978-99975-806-6-5.
- Абу Захра, Мухаммад. Тарих аль-Мазахиб. Каир: Дар аль-фикр аль-арабий, б.г.(ар.)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Имам Малик. Аскимам.ру. 19 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 Декабри 2013.
- Магомедрасулов, Мухаммад-Амин Имам Малик. IslamDag.ru (1 феврали 2010). 22 Декабри 2013 санҷида шуд.
- А ты знаешь, кто такой имам Малик?. Информационно-аналитический федеральный портал “Ислам Сегодня” (6 марти 2013). 22 Декабри 2013 санҷида шуд.
- Абдул-Бари ибн Авад ас-Субайти. Полезные уроки из биографии имама Малика. Сайт Духовного управления мусульман Удмуртии (15 июли 2011). 22 Декабри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 сентябри 2011.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |