Муҳаммади Шофеъӣ
Муҳаммади Шофеъӣ | |
---|---|
араб. ар. مُحَمَّدُ بْنُ إِدْرِيسَ الشَّافِعِيُّ المُطَّلِبيّ القُرشيّ | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ |
Лақаб: | Муҷаддиди қарни дувум |
Касб, шуғл: | фақеҳ, муҳаддис, қозӣ, олим, шоир |
Таърихи таваллуд: | 28 август 767 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 20 январ 820 (52 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Эътиқод: | ислом |
Самти фаъолият: | фиқҳ ва илми ҳадис |
Устодон: | Молик ибни Анас, Муҳаммади Шайбонӣ[d][2], Sufyan ibn `Uyaynah[d], Al-Layth ibn Sa'd[d], Wakee ibn al-Jarrah[d], Muslim ibn Khālid al-Zanjī[d], al-Zahrī[d], Q106650836?, Ibn Abī Yaḥyá[d], Q20415302?, Q108551574?, Q106956225?, Q106986510?, Ibn ʻAlīyah[d] ва Abd-al-Wahhab ath-Thaqafí[d] |
Шогирдон: | Аҳмад ибни Ҳанбал, Исҳоқ ибни Роҳавайҳ, Al-Muzani[d], Al-Buwayti[d], Довуди Зоҳирӣ, ar-Rabí ibn Sulayman al-Muradí[d], Abu Thawr[d], ʻAbd al-ʻAziz ibn Yahya Kinani[d] ва Q22689691? |
Осор: |
Феҳрист
|
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ (ар. محمد بن إدريس الشافعي; 767, Ғазза, Фаластин — 20 январи 820, Фустот, ҳозира Миср) — яке аз чаҳор имоми аҳли суннат, пешвои мазҳаби шофеъӣ ва асосгузори илми усули фиқҳ[3][4].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи пурра: Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идрис ибни Аббос ибни Усмон ибни Шофеъи Қурайшӣ. Муҳаммад Шофеъӣ (рҳ) ба ҷадди сеюмаш Шофеъ, ки ба дидори расули Худо (с) мушарраф гардида, нисбат ёфтааст. Вай дар замони хилофати Абӯҷаъфари Мансур – дувумин халифаи аббосӣ, ҳамон соле, ки имом Абӯҳанифа (рҳ) вафот карда, ба дунё омада ва дар замони хилофати Маъмуни Аббосӣ вафот кардааст.
Муҳаммад Шофеӣ дар Ғазза таваллуд шуда, ӯро хонаводааш дар ду солагӣ ба Макка бурданд ва он ҷо дар 9-солагӣ Қуръон ва дар 10-солагӣ «Муватта»-и имом Моликро ҳифз кард. Пас аз он соли 170 ҳиҷрӣ дар синни 20-солагӣ ба Мадина омад ва назди имом Молик (рҳ) муддате ба таҳсил пардохт, сипас ба пойтахти хилофат шаҳри Бағдод рафт ва дар он ҷо миёни вай ва имом Муҳаммади Шайбонӣ пайвандҳои дӯстӣ ва муровадаи илмӣ барқарор шуд[5].
Муассиси мазҳаб
[вироиш | вироиши манбаъ]Шофеъӣ (рҳ) мазҳаби қадими худро дар давраи буду бошаш дар Ироқ поярезӣ кард ва китобе, ки дар ин давра таълиф намуд, бо номи «ал-Ҳуҷҷат» маъруф аст. Пас аз он ба шавқи дидори имом Молик (рҳ) ба Мадина рафт, вале пеш аз вусули ӯ ба он ҷо имом Молик (рҳ) даргузашта буд, вай аз он ҷо ба Миср шуд ва бақияи умрро дар он ҷо ба сар бурд ва мазҳаби ҷадидашро дар он ҷо таъсис дод.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз вай осори зиёде дар риштаи ҳадис ва фиқҳ бар ҷой монда, ки китобҳои «ал-Муснад» дар ҳадис, «ал-Ҳуҷҷат» ва «ал-Умм» дар фиқҳ, «Адабу-л-қозӣ», «Усулу-л-фиқҳ», «Аҳкому-л-Қуръон», «Ихтилофу-л-ҳадис» ва «ар-Рисола» машҳуртарини онҳо бошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Али-заде А. Шафии Мухаммад ибн Идрис (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ Али-заде А. Шейбани Мухаммад ибн Хасан (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ ал-Аъломи Зириклӣ. Ҷ. 6. – С. 26
- ↑ Ҳасан Иброҳим Ҳасан, Таърихи сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ислом. – Ҷ. 2. – С. 66. – Қоҳира.
- ↑ Дар бораи чигунагии омадани имом Шофеъӣ (рҳ) ба Бағдод ҳаводис ва достонҳое ривоят шуда, ки нақли онҳо дар ин ҷо ҳеч аҳаммияте барои баёни мавзӯъ надоранд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ. Қисмати ибодот ва аҳволи шахсӣ. — Душанбе: «Сифат-Офсет», 2017. — 992 с. — ISBN 978-99975-806-6-5.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 28 август
- Зодагони соли 767
- Даргузаштагони 20 январ
- Даргузаштагони соли 820
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Илоҳиётшиносони мусулмон
- Илоҳиётшиносон аз рӯи алифбо
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо