Иоҳан Волфганг фон Гёте
олмонӣ: Johann Wolfgang von Goethe | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | олмонӣ: Johann Wolfgang Goethe |
Таърихи таваллуд: | 28 август 1749[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 март 1832[1][3][3][…] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | theatre manager, гиёҳшинос, сиёсатмадор, рассом, файласуф, илоҳиётшинос, ҳуқуқдон, мунтақиди ҳунарӣ, мунаққиди мусиқӣ, китобдор, шоир, сафарноманавис, физикдон, адиб, румоннавис, намоишноманавис, зиндагиноманавис, диплумот, давлатмард, аллома, aphorist, ҳаррӯзноманавис, mineralogist, ҷонваршинос, art theorist, вакил, оҳангсоз, либреттонавис, нависанда, visual artist, ҳунаршинос |
Жанр: | шеъри ғиноӣ[d], драма ва фоҷиа |
Забони осор: | олмонӣ[5][6] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Иоҳа́нн Во́лфганг Гёте (аз соли 1782 фон Гёте, олмонӣ: Johann Wolfgang von Goethe, талафуз: [ˈjoːhan ˈvɔlfɡaŋ fɔn ˈɡøːtə] (гӯш кардан ); 28 августи 1749, Франкфурт ам Майн — 22 марти 1832, Веймар) — шоир, нависанда, намоишноманавис, наққош, муҳаққиқ, инсоншинос, файласуф ва сиёсатмадори олмонӣ.
Мазҳари «асри тилоӣ»-и ҳикмату адаби олмонӣ, яке аз мардони бузурги фарҳангии асри XVIII ва XIX Аврупо (дар қатори Шекспир дар Англия, Ҳугу дар Фаронса ва Донте дар Итолиё ҳамчун чаҳор рукни адабиёти Аврупо шинохта мешавад) ва яке аз афроди барҷастаи адабиёти ҷаҳон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар хонадони сарватманди соҳибмаърифат ба дунё омада, таҳсилоти ибтидоиро дар назди устодони хусусӣ ба поён расонд; аз онҳо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, итолиёӣ, англисӣ, яҳудӣ ва фаронсавиро аз худ карда, асрори мусиқию рассомиро омӯхт. Маълумоти ҳуқушиносиро дар ш.-ҳои Лейпсиг ва Страсбург гирифта, соҳиби унвони доктори ҳуқуқ гардид. Ӯ ба илмҳои табиӣ низ мароқ дошт. Нахустин маҷмӯаи ашъораш соли 1769 ба табъ расид. Аз замони шиносоияш бо И. Гёте Ҳердер дар соли 1770-75 эҷодиёти Гёте бо ҷараёни адабии «Тӯфону туғён» иртибот мегирад ва аз пешгомони ин ҷараён буд. Гёте бо тавсияи Ҳердер ба осори Шекспир, ҳамосаҳои олмонӣ ва таронаҳои мардумӣ ошно шуда, тавонист, ки имконоти ғании лирикаи манзаравиро ба намоиш гузорад («Суруди оворае дар тӯфон», 1771; «Раҳгузар», 1772). Дар драмаҳои таърихии «Гётс фон Берлихинген» (1773), «Эгмонт» (1778) бо истифода аз арзишҳои озодидӯстӣ қолибҳои анъанавии класситсизмро барҳам зад. Романи аввалини ӯ «Нокомиҳои Вертери ҷавон» (1774) дар Аврупо маъруф гардид. Дар он Гёте бар хилофи арзишҳои ратсионализми маорифпарварӣ, ҷаҳони эҳсосоти инсонро боз намуд.
Соли 1775 Гёте дар Веймар вазир ва мушовири дарбор таъйин шуд ва унвони «ашроф»-ро гирифт. Дар баробари хидмат дар давлат ба таҳқиқоти илмию адабӣ идома дод. Дар солҳои 1775-86 Гёте (дар баробари эҷоди шеърҳо (манзумаи «Шоҳи ҷангал»), марҳалаи тундравии даврони ҷавониро паси сар кард ва зарурати худмаҳдудкуниро дарк намуд («Марзҳои инсоният», 1780-81). Соли 1786 буҳрони ботинӣ ӯро ба сафари Итолиё маҷбур сохт. Табиати ин кишвар, ёдгориҳои давраи атиқаву эҳё (ренессанс) шавқи эҷодии Гёте-ро қавӣ намуданд; якуним соли иқомат дар Итолиё дар ботини ӯ таҳаввулоти азим ба бор овард. Дар ин ҳангом аз ҷунбиши «Тӯфону туғён» канора гирифт ва кӯшид, ки ба ормонҳои юнонии назму оромиш ва ҳамоҳангӣ даст ёбад. Бо бозгашти ӯ ба дарбори Герсог дар соли 1788 даврони класситсизми Веймар оғоз мегардад. Дар лирикаи ӯ «Марсияҳои Рим» (1788), дар драматургияаш — «Ифигения дар Таврида» (1787), «Торквато Тассо» (1789), дар насри ӯ — «Романи тарбиявӣ»-и «Солҳои шогирдии Вилҳелм Мейстер» (1796) ба тобиш даромаданд, ки дар онҳо масири бозгашти як адиби ҷавони аз хаёлпарастиҳо башӯромада, ба сӯи фаъолиятҳои ба нафъи мардум ба назар мерасад. Романи «Солҳои шогирдии Вилҳелм Мейстер» Гёте-ро дар саросари Аврупо машҳур кард. Дар ин давра Гёте бо Ф. Шиллер ошно шуд. Дар соли 1797 Гёте дар сабқат бо Шиллер як силсила шеъру манзума («Арӯси Коринф») ва достони «Ҳерман ва Доротея»-ро эҷод кард. Соли 1801 бахши якуми шоҳкори хеш — намоишномаи манзуми «Фауст»-ро ба поён расонд (1808 чоп шуд). Дар мақолаи «Винкелман» (1805) Гёте бори дигар талаботи эстетикии хешро, ки аз реша бо пантеизм ва зебопарастии ӯ ба антиқият бармегарданд, ташреҳ намуда, мухолифаташро бо романтикҳо таъкид кард. Дар романи оилавию маишии «Шабоҳатҳои хосса» (1809) психологизми зарифи ӯ таҷассум ёфтааст.
Ҳамзамон ашъори бисёр хуби лирикии Гёте арзи ҳастӣ намуданд, ки ба назми олмонӣ рӯҳи комилан нав бахшида, онро ба сурудҳои халқӣ наздик сохтанд. Дар тӯли зиндагӣ, шоир қариб 1600 шеър гуфтааст ва аксарияти онҳо дар қатори ашъори мардумӣ ёд мешаванд. Гёте дар шеър назарияи хосси худро дошт. Ба пиндори ӯ, шеъри беҳтарин ҳамонест, ки аз воқеият сарчашма мегирад: «Ҷаҳон бузургу пурсарват аст, ҳаёт низ басо рангоранг аст ва барои офаридани шеър дар он ваҷҳи муносиб басанда мебошад. Вале ҳама гуна шеър бояд ба муносибат (воқеа)-е гуфта шавад, яъне, ҷавҳару маводди онро воқеият ташкил диҳад. Воқеот барои он шакли оммавию шеърӣ мегиранд, ки шоир онҳоро ташхис медиҳад. Ҳамаи шеърҳои ман ба муносибате гуфта шуда, аз воқеият ибтидо мегиранд, аз ин рӯ дорои замина мебошанд; ман ҳаргиз шеъри хаёлию бофта намегӯям».
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Гёте солҳои охири зиндагӣ ба навиштани осори мансури тарҷумаиҳолӣ саргарм шуд («Назм ва ҳақиқат. Аз зиндагии ман», 1811-14; «Саёҳати Итолиё», 1816-17) ва ба иншои романи «Солҳои саргардонии Вилҳелм Майстер» (1821) пардохт. Вай солҳои 1792-93 дар ҷангҳои Пруссия бо Фаронса ширкат кард ва пас аз бист сол хотиротеро роҷеъ ба ин ҷангҳо навишт. Дар соли 1831 таълифи бахши дуввуми умдатарин асари хеш — намоишномаи манзуми «Фауст»-ро ба поён расонд ва дар он афкори баландашро дар боби роҳҳои мақсуди инсоният ҷамъбаст карда, таъсири фарҳангу эътиқодро бар ақлу қудрати созандагии инсон бозтоб намуд. «Фауст», ки дар фосилаҳо миёни дигар осори Гёте, дар замони беш аз 50 сол навишта шуд, таҳаввули андешаву шахсияти ин мутафаккирро аз ҷавонӣ то пирӣ мунъакис мекунад. Ду бахши ин асари шарҳиҳолӣ ба сабаби омилҳои дохилие, ки айёми навиштани онҳо рух додааст, байни худ комилан шабоҳате надоранд; бахши нахуст бо сабки романтикӣ ва дуввумӣ бо сабки классикист. Қаҳрамони аслии ин асар — Фауст, монанди худи Гёте барои ноил шудан ба камоли мақсуд талош мекунад, вале умдатан таслими бадӣ мешавад, ҳарчанд ки ҳаргиз дилбастаи он нест ва эътиқоди худро ба хубию ростӣ аз даст намедиҳад. Шикасти ӯ дар ҷустуҷӯи маърифати мутлақ ба навмедӣ меанҷомад ва фақат зиндагии саршор аз кори муфид мояи раҳоии ӯст.
Мероси бузурги Гёте, ба ғайр аз таълифоти адабӣ, осори марбут ба улуми табиатшиносиро дар бар мегиранд; асарҳои ӯ оид ба морфологияи ҳайвоноту рустаниҳо (як қатор ҳолати назарияи эволютсиониро пешбинӣ кард), минералогия, акустика ва оптика аҳаммияти худро гум накардаанд. Ҳамчунин, дар ин миён, маълумоти азим дар заминаи донишҳои гуногун — пизишкӣ, гиёҳшиносӣ, маъдан, зисту сохторшиносӣ, инчунин фалсафа, хоcса, назарияи ваҳдати вуҷуди Спинозаро гирд оварда буд, ки вайро ҳамчун донишманди ҷомеашинос низ муаррифӣ намуд. «Таҷрибаҳо оид ба табдили рустаниҳо» (1790) ва «Таълимот дар бораи рангҳо» (1810) аз он ҷумлаи осори ӯянд.
Гёте чун нобиғаи илму адаб пиромуни ҷабҳаҳои мухталифи рӯзгори инсону донистаниҳои олами атрофи он осори зиёди реалистӣ, романтикӣ, классикию рамзие дар камоли беназири нависандагӣ таълиф намуд, ки ба иттифоқи назари муҳаққиқон, аз ҷумлаи падидаҳои нодири адабиёти ҷаҳонӣ ва ганҷинаи арзишҳои бадеии инсониятанд. Ӯ дар роҳи таълиф танҳо пайгири як ҳадаф буд: дарки моҳияти ҳаёт ва бармало сохтани зиддиятҳои он.
Гёте дар тамоми даврони ҳаёти адабию илмиаш бо фарҳанги сарзаминҳои бегона сарукор дошт ва ғолибан бардоштҳои худро аз онҳо дар қолиби назм месуруд ва ё мавриди пажӯҳиш қарор медод. Ӯ аз айёми ҷавонӣ ба шарқ ва ҳикмату адаби баландпояву деринсоли он алоқаманд буд. Таврот ҷузви китобҳои дарсии Гёте буд, ки ҳангоми таҳсил дар хона онро шинохт. Қуръонро низ аз рӯи тарҷумаи олмонӣ мутолиа кард. Омӯзиши ин ду китоби осмонӣ, ба вижа Қуръон, илҳомбахши вай дар сурудани бисёре аз қитъаҳои девонаш (назири Асҳоби Каҳф, Худои Иброҳим ва Муҳаммад) буд. Гёте аз достонҳои «Ҳазору як шаб», сафарномаҳои гуногун ба машриқзамин иттилоъ дошт, намоишномаи «Муҳаммад»-и Волтерро ба олмонӣ тарҷума карду худ низ бо ҳамин ном намоишномаеро тарҳрезӣ намуд ва дар мулоқот бо Наполеон (1808) ба тафсил аз он сухан меронад. Барои мукаммал фаро гирифтани забонҳои арабию форсӣ кӯшид ва аз дастнавиштҳояш («Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» ва сураи 114-уми «Қуръон» ба хатти зебои арабӣ) пайдост, ки дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст. Гёте ҳамчунин бо ойини бостонии ҳинду низ ошно шуд; пас аз ошноӣ маҷзуби афсонаҳои «Рамаяна» ва қаҳрамонҳои он Рамаву Сито гардид ва саранҷом намоишномае бар пояи ин ҳамосаи ҳиндӣ навишт. Дар 42-солагӣ, дар айни авҷи шуҳраташ дар Олмону Аврупо, ба адабиёти форсӣ ошно гашт ва нахустин асаре, ки ӯро ба форсӣ пайванд дод, «Гулистон»-и Саъдӣ буд, ки онро танҳо ба унвони намунае аз адабу ҳикмати Шарқ хонд ва писандид. «Гулистон» баъдҳо илҳомбахши девони Гёте шуд. Аз паи ин тарҷумаи «Лайлию Маҷнун»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавиро мутолиа кард. Ин ду асар Гёте-ро ба адабиёти форсӣ-тоҷикӣ бештар мутаваҷҷеҳ сохтанд ва аз инҳо низ дар сурудани ашъораш баҳраҳо бурд; ҳамчунин ба ирфони машриқзамин, осори Анварию Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) ошно шуд. Дар он давра хастагию ошуфтагию нобасомонӣ домангири Аврупо буд; ин ба рӯҳияи Гёте низ беасар намонд ва ӯ барои раҳоӣ аз ин парешонӣ ба суроғи Шарқу ҳикмати рӯҳафзои он рафт. Соли 1814 Кото — ношири китобҳои Гёте, девони Ҳофизи Шерозиро дар баргардони олмонии Ҳаммер-Пургштал дар ду ҷилд ба ӯ фиристод. Мутолиаи осори Ҳофиз рӯҳи тозае бар вуҷуди ӯ дамонд ва чунонки навишт: «Ногаҳон бо атри осмонии Шарқу насими рӯҳпарвари абадият ошно шудам, ки аз даштҳову биёбонҳои эронӣ мевазид…». Тарҷумаи Ҳаммер-Пургштал нақси зиёд дошт, аммо ин костагиҳо ба Гёте монеае барои шинохти Ҳофиз падид наовард. Гёте, он гуна ки худ иқрор кардааст, ҳар ғазали Ҳофизро то даҳ бор мехонд, то он ҳад, ки фаротар аз вожаҳо, истиороти Ҳофизро мефаҳмид ва мафтуни шевоии баёну андешаи Ҳофиз шуда буд. «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-и ӯ самараи чунин ихлоси самимии вай бо Ҳофиз мебошад. Ин асар фарогири силсилае аз шеърҳои гуногуни Гёте мебошад, ки шаклан ба ашъори шоирони Шарқ шабоҳат доранд. Шоир баъдтар ба «Девони ғарбӣ-шарқӣ» бахши мансури «Ёддоштҳову мақолот баҳри дарки беҳтари девон»-ро илова намуд, ки ҳамроҳ бо девон соли 1828 чоп шуд. Гёте бо ҳамаи ҳушмандӣ, эҷодкорию навпардозиҳои беназираш орзу дошт, ки ба Ҳофиз тақлид кунад. Дар бахши ёддоштҳову мақолоти девон Гёте мегӯяд: «Ҳофизо, орзу дорам… нахуст ба маънӣ андешаму он гоҳ пироҳани алфози зебо бар он бипӯшонам…, то шеъре чун ту, эй шоири шоирони ҷаҳон, суруда бошам!…».
Гёте шоири ҷаҳони ғарб — Аврупо буд, бо вуҷуди дар таъсири адабиёти форс-тоҷик, адабиёти Шарқ эҷод кардан ба ашъори «Девон» образҳои ғарбӣ, андешаронии ғарбиро низ ҷой додааст. Аз ин ҷост, ки «Девон»-и Гёте-ро синтези шеърияти Ғарбу Шарқ гуфтаанд. Як далели таваҷҷуҳи Гёте ба адабиёти форс-тоҷик ба мисли анъанаҳои дар ин адабиёт ва эҷодиёти намояндагони он маъмул «Девон» ном ниҳодани асараш мебошад; дуввум, ӯ кӯшидааст шеърҳояш ба мисли Ҳофиз ғазал бошанд (ғазалгуна суруда шаванд). Севвум, Гёте аз унвонҳои дар девони Ҳофиз овардашуда истифода бурда, шеърҳояшро зери унвонҳои «Муғаннинома», «Ҳофизнома», «Ишқнома», «Тафкирнома», «Ранҷнома», «Ҳикматнома», «Темурнома», «Зулайхонома», «Соқинома», «Масалнома», «Порсинома», «Хулднома» овардааст. Чорум, тарзи ифода, образҳо (суратҳо)-и шеъри Гёте шарқианд, дар тақлиду татаббуи Ҳофиз гуфта шудаанд. Дар бисёре аз абёти девони Гёте айни суханони Ҳофиз такрор шудааст. Ҳофиз барои Гёте, «рӯҳе тоза», «дунёе тоза» ва «шӯру шавқе тоза» ба армуғон овард, барои он ки ӯро бо фазои воқеан пур аз ҳикмати Шарқ, бо зебоии фалсафа ва завқу андешаи Эрон ошно кард. Ин аст, ки дар шеъри «Бепоён» мегӯяд:
Ҳофиз, ту мисоли ҷовидонӣ,
Чун умри абад надорӣ поён.
Ҳар як ғазалу чакомаи ту,
Ҳар нақши сарири хомаи ту
Вобаста фақат ба хеш бошад,
Чун чанбари осмони гардон…тарҷумаи Лоиқ
Тарҷумаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Тарҷумаи осори Гёте ба забони тоҷикӣ аз солҳои 60 асри 20 оғоз шудааст. Адибони тоҷик С. Ҳалимшо, Ш. Раҳим, Лоиқ Шералӣ, Ҳ. Файзулло, М. Миршакар, Фарзона, О. Исматӣ ва дигарон намунаҳо аз ашъори ӯро тарҷумаву нашр кардаанд. Мутарҷими тоҷик Шералӣ Раҳим соли 1996 асари Гёте «Нокомиҳои Вертери ҷавон» ва қисмате аз бахши "Ёддоштҳо ва мақолот баҳри фаҳми беҳтари «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-ро таҳти унвони "Шарҳе ба «Девони ғарбӣ-шарқӣ» аз олмонӣ ба тоҷикӣ баргардону чоп кард. Маҷмӯаи "Аз «Девони ғарбӣ-шарқӣ»-и Гёте бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва олмонӣ) бо пешгуфтор ва таҳияи профессор Матлубаи Мирзоюнус соли 2007 дар ш. Хуҷанд ба табъ расид. Матни комили «Девони ғарбӣ-шарқӣ» ҳамроҳ бо бахши ёддоштҳо ва мақолот баҳри дарки беҳтари он, инчунин замимаҳои муҳим — ҳамаи ашъори то ин дам ба тоҷикӣ тарҷумашудаи Гёте, мақолаҳо дар хусуси «Девони ғарбӣ-шарқӣ», мусоҳиба бо мутарҷими китоб аз олмонӣ ба форсӣ соли 2011 ба кӯшиши Ш. Шокирзода ва П. Замонӣ аз ҷониби нашриёти «Адиб» нашр шуд. Перомуни вижагиҳои осори Гёте донишмандони тоҷик, аз ҷумла, И. С. Брагинский, Р. Амонов, А. Абдуманнонов, Ш. Мухтор, Р. Деҳотӣ, А. Сатторзода, Т. Атахонов, Б. Раҳмонов, Д. Дӯстов, Р. Қудратов, С. Қарахонов ва дигарон нақду баррасиҳои арзишманд анҷом додаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Нокомиҳои Вертери ҷавон». "Шарҳе ба «Девони ғарбӣ-шарқӣ». Д., 1996;
- "Аз «Девони ғарбӣ-шарқӣ». Хуҷанд, 2007; «Девони ғарбӣ-шарқӣ». Д., 2011;
- Собрание сочинений. Т. 1-13. М., ‒Л., 1932-49;
- Избранные труды по естествознанию. М., 1957.
- Собрание сочинений. Т. 1-10. М., 1975 −80; Werke. Bd/ 1 — 33. Weimar, 1887—1919.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Jean Wolfgang Goethe de (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ CONOR.Sl
Адбиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Брагинский И. С. Таркиби ғарбӣ-шарқӣ дар лирикаи Гёте ва Пушкин//«Садои Шарқ», 1963, № 7;
- Абдуманнонов А. Связь времен.//«Памир». 1974, № 7;
- Шокир Мухтор. Савтҳои Ховар (баёзи осори шарқии шуарои Аврупо). Д., 1986;
- Гёте ва Шарқ. Румӣ — Гёте: Муколамаи фарҳангҳо (маҷмӯаи мақолаҳо). Хуҷанд, 2007;
- Гулшанӣ А. Гёте ва Ҳофиз. // «Адаб», 2008, № 4;
- Шокирзода Ш. Ҳузури Низомӣ дар «Девони шарқӣ-ғарбӣ»-и Гёте. // «Адаб», 2012, № 1-2;
- Шокирзода Ш. Ҳамоиши тамаддунҳо дар «Девони ғарбӣ-шарқӣ»; Тарҷума, таҳқиқ ва нашри осори Гёте дар Тоҷикистон. // «Девони шарқӣ-ғарбӣ». Д., 2011;
- Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Тураев С. В. Гёте. М., 1957; Ҳамон. Гёте и его современники. М., 2002;
- Канаев И. И. Гёте как естествоиспытатель. Л., 1970;
- Аникст А. А. Творческий путь Гёте. М., 1986;
- Гёте Иванов. Иоганн Вольфганг Гёте. // Сто великих писателей. М., 2004;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008;
- دانشنامۀ دانش کستر. جلد ۱۴، ۱۳۸۹ ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гёте / Ш. Шокирзода, О. Шакурзода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.