Jump to content

Гвинея

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумҳурии Гвинея
фр. République de Guinée
Парчам Нишон
Шиор: «Travail, Justice, Solidarité»
Суруди миллӣ: «Liberté» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз Фаронса)
Забони расмӣ фаронсавӣ
Пойтахт Конакри
Шаҳри калонтарин Конакри, Нзерекоре, Киндиа
Идораи давлат Ҷумҳурии президентӣ
Президент Мамади Думбуя
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
77-ум ҷой дар ҷaҳон
245 857 км² км²
 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2020)
  • Зичӣ
75-ум ҷой дар ҷaҳон
12 771 000[1]
39,4 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2019)
  • Ба сари аҳолӣ
132-ум ҷой дар ҷaҳон
30.864 млрд[2] $
2 322 $
Пули миллӣ Франки Гвинея
Интернет-Домен .gn
Коди телефон +224
Соат UTC +0
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Ҷумҳурии Гвинея (фр. République de Guinée) — давлат дар Африқои Ғарбӣ. Дар ҷанубу шарқ бо Кот-д' Ивуар, дар шимолу ғарб бо ГвинеяБисау, дар ҷануб бо Либерия ва Серра-Леоне, дар шимол ва шарқ бо Мали ва дар шимол бо Сенегал ҳамсарҳад мебошад. Дар ғарб ба уқёнуси Атлантик баромад дорад. Масоҳаташ 245,9 ҳазор км², аҳолиаш 11,8 млн нафар (2014). Пойтахташ шаҳри Конакри (2 млн аҳолӣ). Гвинея аз ҷиҳати тақсимоти ҳудудӣ-маъмурӣ ба 8 ноҳия, 33 префектура, 33 обшинаи шаҳрӣ ва 303 обшинаи деҳотӣ тақсим мешавад. Ҷашни миллӣ — Рӯзи истиқлол (2 октябри 1958). Воҳиди пул — франки гвинеягӣ (GNF), ки ба 100 каури баробар аст.

Сохти давлатдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гвинея — ҷумҳурии президентӣ (аз соли 1991). Сардори давлат, ҳукумат, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ — Президент, ки ба муҳлати 5 сол аз тариқи раъйпурсии умумӣ интихоб мегардад. Мақоми олии қонунгузор — Маҷлиси миллии якпалатагии иборат аз 114 вакил (38 вакил аз тариқи интихоботи мустақим ва 86 вакил аз рӯйи меъёри намояндагии баробар таъйин карда мешаванд). Гвинея узви СММ (1958), Созмони ваҳдати Африқо (1963), Созмони Иттиҳоди исломӣ, Иттиҳодияи иқтисодии давлатҳои Африқои Ғарбӣ, Бонки африқоии рушд мебошад. Гвинея истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт, муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду давлат барқарор шудаанд, аммо равобити сиёсию иқтисодӣ вуҷуд надорад.

Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гвинея табиати гуногун дошта, аз 4 минтақаи иқлимӣ иборат аст: Гвинеяи баҳрӣ (ғарби кишвар), рутубатнок, мавсими бориш — 6 моҳ; Гвинеяи миёна (шимолу ғарб) — минтақаи баландкӯҳи Фута-Ҷаллон, иқлими хушк ва сард; Гвинеяи ҷангалӣ (ҷанубу шарқ), иқлими тропикӣ ва гарм; Гвинеяи боло (шимолу шарқ), иклими хушк ва гарм. Дар шарқи Гвинея ҳамвории ҳавзаи болооби дарёи Нигер, дар ҷанубу шарқ минтақаи баландкӯҳи Гвинеяи Шимолӣ (кӯҳи Нимба 1752 м) воқеъ мебошанд. Дар Гвинея 2-3 ҳиссаи захираҳои ҷаҳонии бокситҳо (20 млрд т) вуҷуд доранд. Бузургтарин захирагоҳи бокситҳо: Боке, Туге, Фриа ва Киндия. Ҳар сол ба бозорҳои ҷаҳонӣ бештар аз 12 млн т ашёи хом барои саноати аллюминий ворид мегардад. Захираҳои кашфшудаи тило фақат дар минтақаи Гвинеяи Боло — 500 т аст. Захираҳои маъдани оҳани баландсифат дар кӯҳҳои Нимба бо андозаи 12 млрд т муайян шудаанд. Гвинея дорои конҳои ғании уран ва мис мебошад. Иқлими Гвинея мусонии субэкваторӣ: тобистони рутубатнок (май — октябр) ва зимистони хушк дорад. Дар минтақаҳои наздисоҳилӣ мавсими бориш нисбат ба минтақаҳои шимолу шарқӣ тӯлонитар аст. Ҳарорати миёнаи моҳона аз 18-26°С ва то 23-27°С тағйир меёбад. Миқдори бориши солона 1200—1500 мм ва дар минтақаҳои соҳилӣ то 4000 мм. Аз баландкӯҳи Фута-Ҷаллон бузургтарин д.-ҳои Африқо — Нигер, Сенегал, Гамбия сарчашма мегиранд. Д.-ҳои асосии Гвинея — Гамбия, Бафинг (болооби дарёи Сенегал), Нигер, Конкуре. Гвинея иқтидори бузурги захираҳои ҳидроэнергетикӣ дорад.

Дар Гвинея бештар аз 30 миллат ва гурӯҳҳои қавмӣ сукунат доранд: фулбе (40 %), малинке (23 %), сусу (11 %), кисси (6 %), кпелле (5 %), лома, герзе, диалонке. Қабилаҳои фулбе дар қисми марказӣ, сусу дар соҳилҳои наздиуқёнусӣ сокинанд. Кишоварзӣ соҳаи асосии фаъолияти халқҳои манде (малинке, сусу, диалонке) мебошад, ки қариб нисфи аҳолиро ташкил дода, ба таври анъанавӣ бо фулбе барои ҳукмронии сиёсӣ рақобат менамоянд. Забони расмӣ — фаронсавӣ, вале на ҳама аҳолии Гвинея ин забонро медонанд. Забонҳои маҳаллӣ аз якдигар фарқ дошта, аҳолии минтақаҳои кишвар якдигарро фаҳмида наметавонанд. Дини давлатӣ — мазҳаби суннии ислом (85 %), қариб 8 % насронӣ (католикҳо ва эвангелисҳо), 7 дарсади аҳолӣ ба дину ойинҳои анъанаҳои маҳаллӣ эътиқод доранд. Дар маркази шаҳри Конакрии Гвинея Масҷиди Бузург (калонтарин дар Африқои Ғарбӣ, меъмор Аҳмад Тоур) бо услуби меъмории мусулмонӣ (шарқӣ) бунёд шудааст, ки дорои 4 манора мебошад. Суръати афзоиши солонаи аҳолӣ 2,5 %, таваллуд — 42,1 ‰, фавт — 17,5 ‰, фавти навзодон — 2,4 кӯдак ба ҳар 1000 нафар. Аҳолии синну соли 15-64-сола 55 %. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна — 49,5 сол (мардон — 48,3 сол, занон — 50,7 сол). Зичии миёнаи аҳолӣ 30 нафар дар 1 км². Аҳолии шаҳрӣ — 34 %. Шаҳрҳои бузургаш — Конакри, Киндия, Канкон, Лабе. Қариб 80 дарсади аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд.

Таърихи қадимии Гвинея кам таҳқиқ шудааст. Дар садаи V то м. соҳилҳои Гвинея аз тарафи баҳрнаварди финикиягӣ Ганнон таҳқиқ шудаанд. Дар асрҳои миёна қисми бештари Гвинея ба ҳайати давлатҳои Гана (асрҳои 8-9) ва Мали (асрҳои 13-15) дохил буд. Дар ин давра дар ҳудуди Гвинея қабилаҳои гуногун сукунат доштанд, ки қабилаҳои бузургаш мандинка, диалонке ва сусу буд. Дар садаи XVI минтақаи баландкӯҳи Фута-Ҷаллонро қабилаҳои кӯчии фулбе соҳиб шуданд. Соли 1720 ашрофи фулбе, ки ислом оварда буданд, ба муқобили диолонке ва фулбеҳои ғайримусулмон муборизаро оғоз намуданд, ки дар охири солҳои 70-ум бо ташкили давлати феодалии Фута-Ҷаллон ба охир расид. Дар садаи XIX ба Гвинея фаронсавиҳо ворид гардиданд. Кӯшишҳои ба роҳ мондани тиҷорат бо қабилаҳои маҳаллӣ бо фоҷиаи фаронсавиҳо анҷом меёфт. Аз соли 1965 Фаронса бо мақсади ҳимояи манфиатҳои тоҷирони худ дар қисми ҷанубии Гвинея истеҳкомҳо ва урдугоҳҳои низомӣ барпо намуда, бо сарони қабила дар бораи бо ҳамдигар ҳуҷум накардан қарордод баста буданд. Дар соли 1897 Фаронса бо ҳокими Фута-Ҷаллон қарордод дар бораи васоят ба имзо расонид. Солҳои 1898—1904 дар Гвинея мустамликаи фаронсавӣ Ривер дю Сюд вуҷуд дошт. Аз соли 1903 Гвинеяи фаронсавӣ ба ҳайати Федератсияи Африқои Ғарбии фаронсавӣ дохил гардид. Тасарруфи Гвинея аз тарафи фаронсавиҳо бо суръати суст пеш мерафт. Фақат баъд аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба фаронсавиҳо муяссар шуд, ки киштзорҳои бузурги банан, ананас ва қаҳваро ташкил диҳанд. Аввалин корхонаҳои саноатӣ — корхонаҳои коркарди маъдан дар Гвинея дар арафаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бунёд гардиданд. Муборизаи неруҳои миллӣ-озодихоҳӣ бо истиқлоли Гвинея анҷом ёфт. Дар раъйпурсии 28.9.1958 халқҳои Гвинея тарафдори истиқлоли миллӣ райъ доданд ва 2 октябр истиқлоли миллӣ эътироф гардида Гвинея ҷумҳурӣ эълон шуд. Аҳмад Секу Туре (собиқ пешвои ҳаракати иттифоқҳои касаба) Президенти кишвар интихоб гардид. Дар кишвар низоми якҳизбӣ ташкил ёфт. Дар соҳаи сиёсати хориҷӣ Аҳмад Секу Туре пайрави Иттиҳоди Шӯравӣ буда, дар сиёсати дохилӣ тарафдори таълимоти сотсиализми миллии дорои хусусияти африқоӣ буд. Дар натиҷаи таъқиби неруҳои мухолиф ва дар чаҳорчӯби муносибатҳои сотсиалистӣ, танзим намудани иқтисодиёти кишвар бештар аз 1 млн нафар аҳолии кишвар ба хориҷа муҳоҷират намуданд. Баъд аз марги Аҳмад Секу Туре дар соли 1984 ҳокимият ба дасти гурӯҳи низомиён бо сарварии полковник Лапсан Конте гузашт, ки Кумитаи низомии эҳёи миллиро ташкил дода буданд. Конте солҳои ҳукмрониаш дар сиёсати хориҷии худ рӯ ба Фаронса, ИМА, Британияи Кабир овард ва кишвар аз тарафи созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ибтидои солҳои 90 садаи XX дар Гвинея раванди бозсозии ҳаёти сиёсӣ оғоз гардид. Дар интихоботи президентӣ (1993, 1998, 2003) Конте ғалаба ба даст оварда, ҳизби ташкилкардаи ӯ — Ҳизби ваҳдат ва тараққӣ дар интихоботҳои парламентӣ аксарияти овозҳоро соҳиб шуд. Баъд аз марги президент Лонсан Конте раиси Маҷлиси миллӣ (парламент) Абубакр Сомпара сардори давлат гардид. Дар охири моҳи декабри 2008 гурӯҳи низомиён аз Шӯрои миллӣ барои демократия ва рушд табаддулоти давлатӣ карданд. 24 декабри 2008 ваколатҳои президенти ҷумҳурӣ ба капитан Мусса Дади Камаре вогузор гардиданд. Ҳукумати низомӣ ба муқобили эътирози мардум аз неру истифода бурда, сафи мухолифонро зиёд менамуд. Баъд аз ташкили сӯиқасд ба Мусса Дади Камаре ҳукумат ба дасти генерал Секуба Конате гузашт, ки бо пешниҳоди ӯ ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил гардида, интихоботи президентӣ баргузор шуд. Аз 21 декабри 2010 президенти ГвинеяАлфа Конде. Ҳизбҳои сиёсӣ. Аз соли 1992 дар Гвинея ба фаъолияти азҳоби сиёсӣ иҷозат дода шудааст. Ҳизбҳои асосии кишвар: Ҳизби ваҳдат ва тараққӣ (ҳизби ҳукмрон), Иттиҳоди мардуми Гвинея, Ҳизби таҷдид ва тараққӣ, Иттиҳод барои ҷумҳурии нав.

Ҳаҷми ММД-и Гвинея 25 млрд доллар буда, ба ҳар сари аҳолӣ 2100 доллар ИМА (2013) рост меояд. Гвинея захираҳои фаровони табиӣ дорад, ки барои рушди иқтисод замина ба вуҷуд меоранд. Саҳми саноат дар ММД 39 %, кишоварзӣ 25 %, бахши хидматрасонӣ 36 %. Соҳаи асосии саноат — коркарди маводди кӯҳӣ. Дар замони ИҶШС дар минтақаи Киндияи Гвинея корхонаи бузурги истеҳсолкунандаи боксит сохта шуда буд. Бо мақсади аз худ кардани захираҳои бокситҳо дар Гвинея чанд корхонаи муштарак фаъолият дорад. Истеҳсоли солонаи тило (1 т), дар қисмати ҷанубӣ истеҳсоли алмос (200000 қирот) ба роҳ монда шудааст. Баъд аз ба даст овардани истиқлол дар Гвинея саноати сабук, коркарди чӯб, нассоҷӣ ва истеҳсоли семент рушд намуд. Гвинея аз сабаби сатҳи пасти маҳсули кор, иқтидори пасти моддӣ-техникӣ, соҳаи кишоварзӣ талаботи аҳолиро бо маҳсулоти хӯрокворӣ қонеъ кардан наметавонад. Дар кишвар асосан биринҷ, маниок ва ҷуворӣ кишт мекунанд. Ҳамчунин арзан, батат, ямс, арахис (фундуқи заминӣ) ва меваҳои ситрусӣ, дарахти палма (нахл) парвариш карда мешаванд. Чорводорӣ (гову гӯсфанд) ва моҳигирӣ низ ривоҷ ёфтааст.

Роҳҳои оҳан (600 км) пойтахти кишвар ва бандарҳоро бо минтақаҳои истеҳсолкунандаи ашёи хом пайваст мекунанд. Роҳҳои автомобилгард бештар аз 44,5 ҳазор км, аз ҷумла бештар аз 5 ҳазор асфалтпӯш. Тақр. 60 ҳазор адад автомобил дорад. Конакри бузургтарин бандари кишвар мебошад. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад ва тариқи нақлиёти ҳавоӣ соле то 66 ҳазор мусофир кашонда мешаванд. Гардиши савдои хориҷӣ. 2 млрд доллари ИМА, аз ҷумла ҳаҷми содирот 1,2 млрд. Маҳсулоти асосии содирот: бокситҳо, гилхок ва алюминий (60 %), тило (18 %), алмос (8 %), қаҳва, моҳӣ ва ғ. Воридот: таҷҳизот ва дастгоҳҳои саноатӣ, маҳсулоти нафтӣ, озуқаворӣ (5 %), аз ҷумла биринҷ, шакар, маҳсулоти ширӣ. Шарикони тиҷоратӣ: ИМА, Ҳиндустон, Испания, Русия, Олмон, Ирландия, Украина, Хитой, Фаронса, Нидерландия. Ҳамасола ба Гвинея бештар аз 100 ҳазор нафар сайёҳ меоянд.

Кумитаи миллии олимпӣ соли 1964 ташкил ёфтааст. Варзишгарони Гвинея дар бозиҳои олимпӣ аз соли 1968 ширкат меварзанд. Навъи тарақикардаи варзиш — футбол. Дастаи мунтахаби Гвинея дар бозиҳои Ҷоми Африқо ширкат менамояд. Дар кишвар ҳамчунин бокс, шиноварӣ ва варзиши сабук ривоҷ ёфтааст.

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

30 дарсади аҳолии аз 15-сола боло босаводанд. Дар Гвинея таълими ҳатмии ройгон барои кӯдакони 7-12-сола ҷорӣ шудааст. Дар мактаби ибтидоӣ талабагон малакаи корҳои кишоварзиро аз худ мекунанд. Мактаби миёна (синфҳои 5-8) ба талабагон тахассуси техникӣ низ медиҳад. Баъд аз хатми мактаби миёна талабагон 2 сол дар синфҳои болоии мактаби миёна таҳсил карда, баъди хатми он ба курси 1-солаи омодагӣ ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Омӯзишгоҳҳои махсус муаллимон ва кормандони соҳаи тибро омода месозанд. Маълумоти олӣ дар донишгоҳҳои Конакри (1963), ва Конкан (1987), институтҳои политехникии Конакри ва Конкан дода мешавад. Академияи низомӣ фаъолият дорад. Як қисми донишҷӯён барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Дар Гвинея дастаи мусиқӣ ва рақси африқоии «Балле Африкэн» шуҳрат дорад. Осорхонаи миллӣ (1960) ва китобхонаи миллӣ (1958) дар Конакри дорад. Оҷонсии иттилотии давлатӣ соли 1960 таъсис ёфтааст. Рӯзномаҳо ба забони фаронсавӣ нашр мешаванд — сернашртарин рӯзномаи давлатӣ «Horoya» (1961). Ширкати давлатии радио ва телевизион, маркази телевизион ва маркази пахши барномаҳои радио фаъоланд.

  • Гвинея: Справочник. М., 1980;
  • Страны и регионы мира. М., 2010;
  • Страны мира. М., 2011.