Jump to content

Маҳкам Аслонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳкам Аслонов
Аслонов Маҳкам Аслонович
Таърихи таваллуд 15 май 1935(1935-05-15)
Зодгоҳ Ӯротеппа, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 24 сентябр 2019(2019-09-24) (84 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Роҳбари илмӣ Алоуддин Баҳоуддинов
Ҷоизаҳо
Ордени Шараф
Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998)

Маҳкам Аслонов (15 майи 1935, Ӯротеппа, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 24 сентябри 2019, Душанбе, Тоҷикистон) — омӯзгор, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1966), дотсент (1969), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Махкам Аслонов дар шаҳри Ӯротеппа ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1960) ва аспирантураи он (1965). Солҳои 1960—1962 муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи ба номи Калинини шаҳри Уротеппа, 1962—1965 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1965—1972 ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафа ва коммунизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1965—1968 ҷонишин, 1968—1972 котиби комитети ҳизби коммунистии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1972—2002 мудири кафедраи фалсафа ва коммунизми илмӣ, таърих ва сиёсатшиносии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд. Аз соли 2002 дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти илмии Махкам Аслонов самтҳои нақши идеология дар ҷомеа, дӯстии халқҳо, тарзи ҳаёти сотсиалистиро фаро гирифта буд. Доир ба ин масоил ӯ зиёда аз 100 китоб, брошюра, мақолаҳои илмию оммавӣ навиштааст. Ба китоби ӯ «Паҳн шудани идеяҳои ленинизм дар Тоҷикистон» (Из истории распространения марксистко-ленинских идей в Таджикистане)[1], олимони намоёни тоҷик, академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, Аҳрор Мухторов, Кароматулло Олимов баҳои баланд додаанд.

Ӯ пас аз ба синни нафақа расидан ва қатъи фаъолият дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (соли 2013) ҳамоно ба корҳои ҷамъиятӣ, ба роҳбарии шогир-дон… машғул буд ва аз соли 2017 то охири умр бо даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия кор кард ва ҳамзамон узви Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Махкам Аслонов 24 сентябри соли 2019 дар 84-солагӣ даргузашт.

Ҷоизаву унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), ордени «Шараф» (1999) ва ва сипосномаву ифтихорномаҳои зиёд қадрдонӣ шудааст[2]. Барои хидматҳои барҷаста дар кори Ҷамъияти «Дониш» номи ӯ дар китоби фахрии Ҷамъияти умумииттифоқии «Дониш» сабт гардидааст[3].

  1. Аслонов, Махкам. Из истории распространения марксистско-ленинских идей в Таджикистане в период первой русской революции. (1905-1907 гг.). search.rsl.ru. Search RSL. 26 феврали 2021 санҷида шуд.
  2. Х. Шодиев. Верность избранному пути, Asia-Plus, №19 (538) (12 май 2010).
  3. А. Муродӣ. Зиндагие, ки тафсири хушбахтист, «Омӯзгор», №20 (15 май 2015).