Jump to content

Маҳмадқул Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмадқул Каримов
Маҳмадқул Бобоевич Каримов
Таърихи таваллуд 27 январ 1964(1964-01-27) (61 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012)

Маҳмадқул Бобоевич Каримов (27 январи соли 1964, ноҳияи Панҷакент, Вилояти Суғд), кимиёгар, доктори илмҳои кимиё (1999, Душанбе), профессор (2001, Москва), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Каримов Маҳмадқул Бобоевич (Каримзода Маҳмадқул Бобо) соли 1986 баъди  бо дипломи аъло хатм кардани факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба ҳайси лаборант ва сипас лаборанти калони кафедраи кимиёи узвӣ фаъолият намуда, моҳи декабри соли 1987 ба аспирантураи кафедраи зикршуда шомил мегардад ва онро моҳи декабри соли 1990 хатм мекунад. Солҳои 1990-1992 дар вазифаи ходими илмии қисми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДДТ), солҳои 1992 -1995 ба ҳайси ассистент, солҳои 1995-1997 ба ҳайси дотсенти кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиё кор карда, моҳи январи соли 1997 ба докторантура шомил гардид. Аз 01-уми апрели соли 1997 то 16-уми сентябри соли 2002 дар вазифаи ҷонишини муовини ректори ДМТ оид ба корҳои илмӣ фаъолият намуда, аз 16-уми сентябри соли 2002 то 16-уми январи соли 2008 вазифаи сардори Идораи татбиқи таҳияҳои илмӣ ва аз 16-уми январи соли 2008 то 15-уми декабри соли 2008 вазифаи декани факултети кимиёро ба уҳда дошт. Ҳамзамон солҳои 2004 - 2008 дар вазифаи мудири кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёвӣ фаъолият мекунад. Аз 15-уми декабри соли 2008  то 15-уми июни соли 2013 дар вазифаи муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва аз 15-уми июни соли 2013 то 11-уми июли соли 2016 ҳамчун нахустин ректори Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият намудааст. Аз 15-уми сентябри соли 2016 то 31-уми майи соли 2019 директори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии “МИСиС” дар Душанбе ва аз 01-уми июни соли 2019 то 31-уми августи соли 2021 профессори ҳамин  Донишгоҳ ва аз 01-уми сентябри соли 2021 то ҳол профессори кафедраи технологияи истеҳсолоти кимиёвии факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

        Каримов М.Б. моҳи марти соли 1994 рисолаи номзадӣ (««Пайвастаҳои ҳетеросиклӣ дар пояи глисерин») ва моҳи майи соли 1999 рисолаи докториро («Тавлиф ва табдилоти ҳосилаҳои алифатӣ ва сиклии глисерин») муваффақона дифоъ кардааст. Соли 2000-ум номбурда профессори кафедраи пайвастаҳои макромолекулӣ ва технология кимиё интихоб гардид ва то ҳол дар ин кафедра ба донишҷӯён аз фанҳои «Кимиёи узвӣ», «Кимиёи глисерин»,  «Асосҳои технологияи кимиё», «Кимиёи пайвастҳои калонмолекулӣ» ва «Равандҳо ва дастгоҳҳо дар технологияи кимиё» дар сатҳи баланди таълимию илмӣ дарс мегӯяд.

Аз ҷониби Каримов М.Б. бештар аз 950 муштақоти (ҳосилаҳои) ҷадиди алифатӣ ва ҳетероадвории глисерин тавлиф (синтез) ва таҳқиқ гардида, хосияти физиологии аксари кулли онҳо мавриди омўзиш қарор гирифтаанд. Таҳти роҳбарии Каримов М.Б. бори аввал тавлифи ҳосилаҳои нави глисерини дорои бақияи аминотезобҳо, дипептидҳо ва фуллерен (С60) гузаронида шудааст, ки ин як самти нав дар кимиёи глисерин маҳсуб меёбад. Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки як қатор пайвастҳои (мураккаботи) тавлифшуда аз ҷиҳати физиологӣ фаъол мебошанд ва онҳо ба сифати танзимдиҳандаи рўиши рустаниҳо ва экстрагентҳо пешниҳод гардидаанд. Каримов М.Б. шахси донишманд, кордон, ботаҷриба ва бовиҷдон буда, масъулияти баланди роҳбарӣ дорад. Номбурда бо дастовардҳои илмии худ барои рушди илми кимиёи узвӣ саҳми босазо дорад. Асарҳои илмии Каримов М.Б. ҳамчун олими нуктасанҷу борикбин ва муҳаққиқи кимиёи амалӣ аз ҷониби як қатор олимони шаҳири кишварҳои хориҷ сазовори баҳои баланд гардидаанд.

Намунаи пайвастҳое, ки аз ҷониби Каримов М.Б. тавлиф карда шудаанд дар намоишгоҳҳои шаҳрҳои Хелсинки, Мадрид, Дрезден, Теҳрон, Улан-Батор, Киев, Тошкант, Ашқобод, Боку, Уфа, Донетск ва ғайраҳо муаррифӣ гардидаанд. Номгўй ва тавсифномаи 60 пайвастҳои ҷадиди тавлифшуда дар каталоги маводи кимиё (РИОР, ш.Уфа) дарҷ гардида, бештар аз 100 номгўи онҳо дар Маркази илмии умумироссиягии «Моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол» ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷониби мавсуф таҳияи технологии 12 ҳосилаҳои глисерин пешниҳод шудаанд, ки онҳо дар заводи нафту кимиёи шаҳри Уфа ба миқдори муайян истеҳсол гардидаанд ва ҳоло дар бойгонии Пажуҳишгоҳи нафту кимиёи шаҳри Уфа маҳфузанд.

Фаъолияти илмии Каримов М.Б. гуногунҷабҳа буда, ў 8 китоби дарсӣ (бо забони давлатӣ), 12 монография, 6 воситаи таълимӣ, 35 барномаҳои таълимӣ ва бештар аз 600 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавиро ба табъ расонидааст. Ҳоло бошад, аз ҷониби ў боз ду китоби дарсӣ, ду воситаи таълимӣ ба чоп омода сохта шудааст. Китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии аз ҷониби Каримов М.Б. интишоргардидаро донишҷўёни факултаи кимиёи ДМТ, донишгоҳҳои шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Данғара ва ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, инчунин хонандагони макотиби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ васеъ истифода мебаранд.

Ҷониби дигари таҳқиқоти М.Б. Каримовро омўзиши асарҳои мутафаккирони асримиёнагии Шарқ (Ҷобир ибни Ҳайён, ибни Рушд, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абўалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абўмансури Муваффақ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва ғайраҳо) доир ба масоили мухталифи марбутаи илми кимиё ташкил медиҳад. Номбурда доир ба мавзўи мазкур даҳҳо мақолаҳои ҷолибро дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ ба табъ расонидааст, ки бадин васила ҷаҳониён аз дастовардҳои мутафаккирони машриқзамин огаҳӣ пайдо мекунанд.

Натиҷаи дастовардҳои илмии Каримов М.Б. дар симпозиумҳою конфронсҳои дараҷаҳои гуногун дар шаҳрҳои Краков (Лаҳистон), Дрезден, София, Прага, Варшава, Пекин, Мадрид, Урумчи, Нию Йорк, Москов, Киев, Тула, Уфа, Тошкент, Ашқобод, Боку, Барнаул, Донетск, Андиҷон, Самарқанд, Новосибирск ва ҳоказо мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

Дар баробари тавлиф ва таҳқиқи хосиятҳои гуногуни муштақоти глисерин Каримов М.Б. бахшида ба масъалаҳои баҳсталаби назарияи кимиё якчанд мақолаҳо ба табъ расонидааст. Ў бори нахуст дар кимиёи узвӣ бо забони тоҷикӣ нодуруст истифода гардидани истилоҳи карбогидрид (ба ҷои он карбогидроген ё карбоҳидроҷен, ҳидрокарбон), инчунин дар кимиё нодуруст истифода гардидани номи тезобҳо (ба ҷои онҳо номи аз ҷиҳати илмӣ дуруст пешниҳод гардид, ки аз ҷониби кимиёгарони варзидаи Ҷумҳурӣ қобили қабул гашт) пешниҳод намуд.

        Каримов М.Б. дар тарбияи мутахассисон низ фаъолона ширкат меварзад. То ҳол таҳти роҳбарии ў 10 нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докториро дифоъ ва се нафар барои ҳимоя корҳояшонро тайёр намудаанд. Ба замми ин таҳти роҳбарии мавсуф бештар аз 100 нафар донишҷўён рисолаҳои дипломӣ, магистрӣ, хатмкуниро дифоъ кардаанд.

Дар баробари корҳои илмӣ ва омўзгорӣ Каримов М.Б. ҳамчун сардори Идораи татбиқи таҳияҳои илмӣ дар ташкил ва беҳсозии иҷрои корҳои илмию таҳқиќотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои зиёдро ба сомон расонидааст. Номбурда дар тайёр ва нашр кардани ҳисоботҳои солонаи илми ДМТ (солҳои 1997-2003, 2009-2012), китоби ҳарсолаи «Илм дар ДМТ» (бо забони русӣ, нашрҳои 18-22, 25-27), роҳбарии дастаи олимпии ДМТ (солҳои 2000-2002, 2004-2013), тайёр кардани номгўи дастовардҳои олимони ДМТ ва ташкил кардани вохўрии олимони донишгоҳ бо намояндагони як қатор корхонаҳои саноатӣ, инчунин корҳои ҷамъиятии ДМТ, ДДД ва филиали ДМТТ “МИСиС” дар шаҳри Душанбе фаъолона ширкат меварзад. Дар давраи вазифаи муовини ректори ДМТ оид ба илмро ба уҳда доштанаш дар Донишгоҳ бештар аз 360 нафар муҳаққиқон рисолаҳои докторӣ ва номзадиро дифоъ намуданд. Ҳамчунин дар ин давра дар ДМТ аввалин озмоишгоҳи замонавии «Маркази биотехнология» ва «Таҳлили спектралӣ», инчунин парки технологӣ ташкил карда шуд.

Каримов М.Б. ҳамчун нахустин ректори Донишгоҳи давлатии Данғара дар ташкил ва фаъолияти ин маркази илмию таълимӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Дар давраи роҳбарии Каримов М.Б. ба ҳайси директори филиали ДМТТ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе дар ин муассиса бори нахуст озмоишгоҳҳои бо асбобҳои замонавӣ муҷаҳҳази соҳаи филизсозӣ (металлургия) сохта шуд, ки назирашон дар Ҷумҳурӣ вуҷуд надорад. Бояд зикр кард ки ин муассиса соли 2018 аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи Аврупо Global Club of Leaders (Барселона, Испания) ҳамчун муассисаи пешгом ‘Best Enterprises’ эътироф гардида, профессор Каримов М.Б. ‘Best Manager of the Year’ ва соҳиби дипломи “The Name in Science” гардид. Инчунин номбурда аз ҷониби Британияи Кабир ба ҳайати ҷамъияти олимони Academic Union, Oxford ворид карда шуд.

Дар тарғибу ташвиқи илм дар байни омма хизмати Каримов М.Б. хеле калон мебошад. Номбурда дар расонаҳои хабарӣ, инчунин бо воситаи садову симо чандин борҳо суханронӣ намудааст.

Моҳи майи соли 2007 комиссияи Вазорати маорифи ҶТ зимни тафтиш муайян намуд, ки кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиё, ки роҳбариашро Каримов М.Б. ба ўҳда дошт, дар байни кафедраҳои ДМТ аз ҷиҳати ҳуҷҷатнигорӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намуд.

        Каримов М.Б. муҳаррир ва муқарризи якчанд китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълим ва монографияҳою маҷмўаи мақолаҳо ва аъзои се Шўрои дифои рисолаҳои докторӣ мебошад. Номбурда аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии “Известия ТулГУ” (серияи табиатшиносӣ) Федератсияи Россия, маҷаллаҳои илмии Дониш-гоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав аст.

Соли 2011 ба шарафи Каримов М.Б. VII Олимпиадаи Байналмилалӣ аз рўи илмҳои асосӣ доир ба кимиё дар 8 давлати дунё  (Белоруссия, Олмони Федеролӣ, Қазоқистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Чехия) гузаронида шуд. Номбурда соли 2013 профессори фахрии Донишгоҳи давлатии омўзгории Липетски Федератсияи Россия интихоб гардид. Соли 2016 профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Данғара интихоб гардид. Соли 1991 дастовардҳои илмии ў бо ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷамъияти кимиёгарон ба номи Д.И.Менделеев ва соли 1998 бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аълочии маорифи Тоҷикистон (с.2002) буда, соли 2012 барои хизматҳояш дар тайёр кардани кадрҳои илмию омўзгорӣ дар Донишгоҳ бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ карда шуд.

         Каримов М.Б. соли 2018 бо медали дараҷаи 2 “Барои хизматҳои бенуқсон” (ДДТТ МИСИС, Федератсияи Россия) ва соли 2023 бо медали нуқраи ДДТТ МИСИС қадршиносӣ гардидааст.

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 12 китоби дарсӣ (бо забони давлатӣ), 10 монография, 6 воситаи таълимӣ, 35 барномаҳои таълимӣ ва бештар аз 600 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.

  • Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷамъияти кимиёгарон ба номи Д.И.Менделеев (1992)
  • Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (1998)
  • Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012)[1]
  • Энcиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе, 2008.- C.167

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]