Мерсин
Шаҳр | |||
тур. Mersin | |||
|
|||
36°48′ с. ш. 34°37′ в. д.HGЯO | |||
Кишвар | Туркия | ||
Мақом | маркази вилоят | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 10 ± 1 м | ||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | |||
Забони расмӣ | туркӣ | ||
Дигар | |||
Макон ноҳияи Мерсин дар вилояти Мерсин |
|||
|
|||
mersin.bel.tr | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мерсин (тур. Mersin) — шаҳр дар соҳили ҷанубу шарқии Туркия воқеъ дар халиҷи Мерсин, ки дар он 1 765 800 нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад. Шаҳри Мерсин маркази маъмурии вилояти Мерсин аст. Мерсин аз ҷумлаи шаҳрҳои Туркия, ки шумораи аҳолиаш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медиҳанд, дохил мешавад. Шаҳр бо гулгаштҳои назди соҳили баҳр, бо боғҳои хурмо, боғҳои фароғатӣ, меҳмонхонаҳои аврупоӣ, марказҳои савдо ва минтақаи тиҷорати озод маъмул шудааст.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳолӣ — 1,814,468 нафар (2018)
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳр саноати моҳидорӣ, нафт, семент, хӯрокворӣ ва нассоҷӣ тараққӣ кардааст. Барои рушди иқтисодии шаҳр аҳамияти бузург дар он аст, ки бузургтарин бандари кишвар дар минтақаи Мерсин ҷойгир шудааст, ки дар равобити тиҷоратии Туркия бо бисёр кишварҳо аҳамият дорад. Имрӯз шаҳри Мерсин ба минтақаи осоишгоҳҳо тааллуқ дорад, гарчанде ки чанд сол пеш вохӯрдани сайёҳони хориҷӣ дар ин минтақа қариб ғайриимкон буд. Имрӯзҳо туризм яке аз соҳаҳое мебошад, ки ба вилоят ва шаҳр фоида меорад. Шуғли аҳолии мард - 60%, занон - 16%, фавти кӯдакон - 0,48%
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Наздиктарин фурудгоҳ ба Мерсин фурудгоҳи байналмилалии Адан аст (69 км). Ҷанубу шарқи Тарсус, 45 км аз Мерсин, лоиҳаи сохтани як фурудгоҳи нав — Чукуров (тур. Çukurova Bölgesel Havaalanı). Ифтитоҳи фурудгоҳи Чукуров имкон медиҳад, ки парвозҳои мустақим бо Мерсин ба роҳ монда шаванд, ки дар натиҷа шумораи сайёҳон дар ин минтақаи Туркия ба нақша гирифта шудааст. Байни Мерсин ва вилоятҳои ҳамсоя, алоқаҳои роҳи оҳан ва худрав хуб рушд ёфтааст. Роҳи оҳан дар соли 1866 сохта шуда буд ва асосан барои таъмин кардани пахта ба бандар хидмат мекард (дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ байни давлатҳои ҷанубӣ ва шимолӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва муҳосираи ҷануб, Мерсин аз сабаби имконоти таъминоти пахта аҳамияти калон дошт). Роҳҳои автомобилгард Мерсинро бо тамоми вилоятҳои Туркия мепайвандад.
Фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Мерсин донишгоҳе мавҷуд аст (Mersin Üniversitesi), ки 3 июли соли 1992 таъсис дода шудааст ва иборат аз 11 факултет ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар профессорон ва 18 000 донишҷӯён таҳсил мекунанд. Инчунин факултаи океанографии Донишгоҳи Анқара вуҷуд дорад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- mersin.bel.tr (тур.) — вебгоҳи расмии Мерсина ) - сайти расмии Мерсин
- Донишгоҳи Мерсин (тур.) ) (англ.) )
- Аксҳои Мерсин муосир (англ.) )