Қаҳрамонмаръаш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Қаҳрамонмаръаш
тур. Kahramanmaraş
37°35′15″ с. ш. 36°56′43″ в. д.HGЯO
Кишвар Туркия
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 3 017 км²
Баландии марказ 67 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 443 575 тан (2012)
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0344
Нишонаи почта 46000
Коди мошин 46

kahramanmaras.bel.tr
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Қаҳрамонмаръаш дар харитаи
Қаҳрамонмаръаш
Қаҳрамонмаръаш
 Парвандаҳо дар Викианбор
Kahramanmaraş

Қаҳрамонмаръаш (тур. Kahramanmaraş; то соли 1973 Маръаш, ар. مرعش‎, тур. Maraş, арманӣ. Մարաշ) — шаҳр ва пойтахти вилояти Қаҳрамонмаръаш дар ҷанубу шарқи Туркия. Дар домани силсилакӯҳҳои Таври Шарқӣ ҷойгир аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳрамонмаръаш соли 1000 аз ҷониби ҳетиҳо бунёд шудаст. Дар замони ҳукумати имперотуриҳои Руму Бизонс шаҳри Тазору Германикея ном дошт. Миёни солҳои 1071—1086 пойтахти давлати армании Пилортус Ворожнунӣ буд. Пас аз инқирози давлати Ворожнунӣ Қаҳрамонмаръаш муваққатан ба ҳайати Бизонс баргашт. Соли 1104 аз ҷониби Жолсени аввал (князи Эдесс) истило гашт. Мувофиқи муъоҳадаи Девол (1108) Маръаш ба ҳайати князии Антокиё ворид карда шуд. Асрҳои 12-13 тобеъи подшоҳии армании Киликия буд ва асри 16 тобеъи ҳукумати Усмониҳо буд.

Қаҳрамонмаръаши имрӯзӣ дар асри 17 (18 км дуртар аз ғарби Маръаши куҳна) бунёд шудааст. Мувофиқи маълумоти навиштаҳои Патриархати арманӣ дар Қустантания (Истамбули ҳозира), соли 1912 дар санҷаки Маръаш шумораи арманиҳо 72 143 нафарро ташкил медод.

Октябри соли 1973 ба номи Маръаш вожаи қаҳрамон илова ва шаҳр Қаҳрамонмаръаш ном гирифт. Чунин ном гирифтани шаҳр ба ғалабаи туркҳо дар муҳорибаи шаҳри Маръаш ба зидди Легиони армании Фаронса буд. Бар асари заминларзаи соли 2023 шаҳр қисман хароб ва беш 5000 тан ҷон бохтанд.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолияш 450,953 нафар (2019).

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси иқтисоди Қаҳрамонмаръашро саноати нассоҷӣ ва истеҳсоли яхмос ташкил медиҳад. Қисми умдаи ширкатҳои истеҳсоли яхмоси туркӣ, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, аз ҳамин шаҳр фаъолияти худро оғоз кардаанд.

Бародаршаҳрҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳрамонмаръаш бо шаҳрҳои Лондон (Бритониё), Тарабзон (Туркия), Ле Ҳавр (Фаронса) ва Налчик (Русия) бародаршаҳр аст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • kahramanmaras.bel.tr (тур.) — вебгоҳи расмии Кахраманмараша ) - сайти расмии Қаҳрамонмаръаш