Jump to content

Осорхонаи адабии Айнӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Осорхонаи Айнӣ (Душанбе))
Осорхонаи адабии Айнӣ
Осорхонаи адабии Айнӣ
Санаи асосгузорӣ 1963
Асосгузор КМ ҲК ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон
Ҷойгиршавӣ Душанбе

Осорхонаи адабии Айнӣ (Хона-музейи Айнӣ) — осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, ки бо қарори КМ ҲК ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар соли 1963 дар Душанбе таъсис шудааст.

Осорхона нахуст дар ихтиёри Вазорати фарҳанг буд, соли 1966 ба тобеъияти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон дода шуд. Соли 1978 ба муносибати ба ифтихори 100-солагии адиб таъсис дода шуд. Ӯ бештари умри худро дар Самарқанд гузаронида, дар шаҳри Душанбе аз соли 1951 то 1954 то дами марг зиндагӣ кардааст. Аҳли оилааш боз чандин сол дар ин хона иқомат доштанд.[1]

Осорхонаи адабии Айнӣ аз чанд ҳуҷра иборат аст, ки дар ҳар яки он мавод вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ маҳфузанд. Дар даромадгоҳи осорхона нимпайкараи Айнӣ гузошта шудааст. Дар ҳуҷраи якум чизҳои шахсӣ, маводди марбут ба ҳаёту фаъолияти Айнӣ аз давраи хурдсолӣ то Инқилоби Октябр ва Инқилоби Бухоро (солҳои 1917—1920) гирд оварда шудаанд. Дар мобайни ҳуҷраи якум, дар болои миз лавҳае бо китоби дӯстдоштаи Айнӣ «Ахлоқи Муҳсинӣ» дар болои мизи кандакоришуда аз ҷониби М. Олимов, инчунин маҷмӯаи ашъори шоир Бадруддини Ҳилолӣ гузошта шудааст. Дар ин хона сиёҳидон ва қаламеро метавон дид, ки ба Айнӣ падараш соли 1886 ҳадя карда буд. Дар девори ин ҳуҷра акси Айнӣ ва М. Назрулло баъди 75 чӯб заданашон насб гардидааст. Дар ҳуҷраи дуюм экспонатҳои солҳои 20-50 (китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ҷоизаҳо, дипломи доктори илм, мизе, ки дар паси он дар вазифаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст ва ғайра) ҷамъ оварда шудаанд. Дар ҳуҷраи сеюм чизҳои шахсии Айнӣ (асо, соат, либос, корд, қайчӣ, чойнику пиёла, ручка, туҳфаҳо ва ғайра) ҷо гирифтаанд. Дар ҳуҷраи чаҳорум асарҳои ба Садриддин Айнӣ бахшидашуда (асарҳои адабиётшиносӣ, рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ, тасвирҳои рассомон ба асарҳои Айнӣ, тарҷумаи асарҳои Айнӣ ба забонҳои гуногуни ҷаҳон ва ғайра, умуман, беш аз 2 ҳазор китоб) гузошта шудаанд. Ҳуҷраи панҷум толори конференсияҳо, ҷамъомадҳои адабӣ ва вохӯриҳо мебошад. Дар ин ҷо экспонатҳое ҳастанд, ки ҳар замон нав карда мешаванд.

Дар осорхона пластинаҳо, кассетаҳо бо овози Садриддин Айнӣ ва дӯстони ӯ маҳфузанд. Соле аз осорхона то 1500 нафар боздид мекунанд. Ҳамчунин муҳаққиқон аз маводҳои ин осорхона барои таҳқиқоти хеш истифода мебаранд.

Вазъи осорхона имруз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввали ноябри соли 2021 хабари тахриби хона-музей Садриддин Айнӣ баъди он расонаӣ шуд, ки шаҳрдории Душанбе дар як нома бо имзои муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хоста буд, ки ин ниҳод ба тахриби ин бино мувофиқат кунад. “Дар мактуб гуфта мешуд, ки осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад”. Пас аз нашри ин хабар дар расонаҳо, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногуне ба ин иқдоми шаҳрдории Душанбе сурат гирифт. Аз ҷумла чандин ниҳодҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо, Иттиҳодияи нависандагон ба раҳбарии олии Тоҷикистон нома навишта, хостори он шуданд, ки ин бино ҳадди аққал тахриб нашавад, вале агар чораи дигар набошад, бояд он дар маҳалли мувофиқи дигаре бунёд шавад. Ҳамчунин намояндагони зиёди қишрҳои гуногуни ҷомеа, рӯшанфикрон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдомро танқиди шадид карданд ва хостанд шаҳрдории Душанбе аз ин тасмими худ даст кашад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ намуда, дастур доданд, ки Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад.[2]

Ҳоло, осорхонаи Садриддин Айнӣ дар маркази шаҳри Душанбе ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода ҳавлии №1 воқеъ гардидааст. Дар ин манзил устод Садриддин Айнӣ ҳамроҳи аҳли байт солҳои охири ҳаёти хешро (1951-1954) сипари намудааст. Шумораи экспонатҳои Осорхона 150 адад, шумораи воситаҳои асосӣ 189 адад, шумораи китобҳо наздики 2000, ки ба онҳо дохил мешаванд; асарҳои устод бо забонҳои гуногун ва нашри солҳои гуногун инчунин китобҳои ба Осорхона ворид гардида. Дар бойгонӣ дастхатҳои устод, мукотибаҳо бо шахсиятҳои гуногун, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳое, ки худи устод аз онҳо истифода бурдааст, ҳифзу ҳимоя мегарданд.[3]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Хона-музейи Айнӣ вайрон карда намешавад. Тасмими нави ҳукумат(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/news/ (19 ноябри 2021). 20 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Хона-музейи Айнӣ вайрон карда намешавад. Тасмими нави ҳукумат(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/news/ (19 ноябри 2021). 20 ноябри 2021 санҷида шуд.
  3. Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ(тоҷ.). www.iza.tarena.tj/ (18 сентябри 2022). 17 июни 2024 санҷида шуд.