Парда Қосим
Ном ба ҳангоми таваллуд | Парда Қосимов |
---|---|
Таърихи таваллуд | 13 октябр 1947 |
Зодгоҳ | ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 21 июн 2024 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Ҷоизаҳо |
Парда Қосим (Парда Қосимов; 13 октябри 1947, ноҳияи Восеъ, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 21 июни 2024, Душанбе, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2001).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Парда Қосимов 13 октябри соли 1947 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рудакӣ)-ро (1965) ба итмом расонда, беш аз си сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамблҳои тарона ва рақсии «Шодӣ» -ва шабонаи Пан буд. Аз сол 1998 овозхони дастаи рақсии "Лола" мебошад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Барномааш аз осори шуарои классик ва муосири тоҷик, таронаю оҳангҳои шӯху дилнавоз ва рақсии тоҷикӣ ва дигар халқҳои Машриқзамин таркиб ёфта, ҳар сурудро бо маҳорати баланд адо мекунад. «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Қӯшчинор», «Қошуқ метарошам», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Дилбари панҷӣ», «Наврӯзи оворагӣ», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Муроде талабам», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Дурри ноёб», «Рӯзи доварӣ», «Борҳо гуфтаам», «Гаҳвораи Сино», «Абрӯ мапаррон», «Сайри лолазор», «Ошён монад», «Эй дард», «Мардумаки дида», «Маҳтобаки ман», «Дило», «Қаламқош», «Бӯса ба дарё задам», «Афсона хоҳам шуд», «Шаби барфӣ» барин таронаҳояш ҳаводорони бешумор пайдо кардаанд. Ба баъзе сурудҳо худ оҳанг навиштааст. Ба узбакӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст. Ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Парда Қосим 21 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе аз бемории диабети қанд дар синни 76-солагӣ даргузашт. Маросими дафни ӯ рӯзи 22 июн баргузор гардида, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С. 201—480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 13 октябр
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Восеъ
- Даргузаштагони 21 июн
- Даргузаштагони соли 2024
- Шахсоне, ки камтар аз як сол пеш вафот карданд
- Даргузаштагони Душанбе
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Овозхонҳо аз рӯи алифбо
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Овозхонҳои тоҷик