Портал:Забоншиносӣ/Мақолаи баргузида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Забони тоҷикӣ — забоне, ки дар Эрон: форсӣ, ва дар Афғонистон дарӣ номида мешавад, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мебошад. Дар Ӯзбакистон, агарчӣ тоҷикӣ забони ақаллият маҳсуб мешавад, вале дар ин кишвар зиёда аз 15 миллион нафар ба тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил(форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн мардум мебошанд. Тамоми порсигӯёни ҷаҳон бошанд 222 млн нафар ҳастанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ 46 миллион (2015) нафар гап мезананд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ,Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.