Jump to content

Раҷабгул Қосимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҷабгул Қосимова
Ном ба ҳангоми таваллуд: Раҷабгул Қосимова
Таърихи таваллуд: 7 июн 1947(1947-06-07) (77 сол)
Зодгоҳ: Заврон, Панҷакент, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1962 - то ҳол
Ҷоизаҳо: Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Раҷабгул Қосимова ( 7 июн]]и 1947, Панҷакент, Ленинобод, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов[1] ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1991)[2].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҷабгул Қосимова 7-уми июни соли 1947 дар деҳаи Заврони Панҷакент ба дунё омадааст[3]. Пас аз хатми синфи 7 таҳсилашро дар мактаби деҳаи Колхозчиён идома дода, ӯ соли 1962 мактабро хатм намудааст[4]..

Фаъолияти ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҷабгул соли 1962 баъди хатми мактаб худи ҳамон сол бе ягон маълумоти театрӣ дар театри шаҳри Панҷакент ба фаъолият шурӯъ намудааст. Аввал бо мақсади аграном шудан ба Институти хоҷагии қишлоқ ҳуҷҷатҳояшро мехост супорад, аммо ба хотири нарасидани синну солам қабул накарданду ба Техникуми савдои Панҷакент шомил гардидааст ва бояд савдогар мешуд. Аммо аз куҷое кормандони театр ӯро диданду даъват карданд ва ӯ ба театр рафтааст.

Аввалин намоишномае, ки ӯ ҳамчун ҳунарпеша дар он нақш бозидаас, «Ҷазои туҳматчиён» мебошад. Баъдан нақши Гулқурбонро дар «Тошбек ва Гулқурбон»-и Мирсаид Миршакар бозӣ кардаааст. Дар намоишномаи «Мужда» ҳамроҳи Мақсуд Икромов нақш бозидаанд, дар «Гавҳари шабчароғ» -и Сотим Улуғзода нақш бозидааст. Баъдан соли 1966 Саидсултон Саидмуродов асари худаш — «Зайнаббибӣ»-ро дар Панҷакент ба намоиш гузошт, ки нақши асосиро Раҷабгул бозидааст. Ин намоишро Театри шаҳри Панҷакент ба Душанбе барои азназаргузаронии театрҳои халқӣ овард ва нақши ӯро дида, ба ӯ чандин пешниҳодҳо шуд, аз он ҷумла : кор дар Театри давлатии академияи драмавии ба номи Лоҳутӣ, унвони Ҳунарпешаи хидматнишондода ва таҳсил дар ГИТИС (Институти театрии шаҳри Маскав ба номи Луначарский). Ӯ таҳсил дар Маскавро пазируфт. Аммо соли якум имконияти рафтан нашуду баъди як сол рафта, якбора аз курси дуюм дохил шудааст. Ҳамроҳи ӯ дар гурӯҳ Гулсара Абдуллоева, Асалбегим Саодатова, Соҳибсултон Алиназарова, Дилбар Умарова, Мавлуда Обидова, Ҳалима Ҷӯрабекова, Гулбегим Зоолшоева, Шодӣ Солеҳов, Ғолиб Исломов, Амонулло Қодиров ва дигарон таҳсил кардаанд. Баъди хатм диплом ва роҳхат ба театри Ҷавонон, ки нав бунёд шуда буд, гирифтааст. 27 декабри соли 1971 намоишномаи «Васса Железнова»-и Максим Горкий дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ аз тарафи Театри ҷавонон ба намоиш гузошта шуд, ки ӯ дар он нақши Наталияро бозӣ кардааст[5].

Раҷабгул дар тӯли фаъолияти худ зиёда дар 200 намоишнома нақш офаридааст[4].

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҷабгул Қосимова ҷавондухтари 23 — сола ба марди аз худаш 22 сол калон ба шавҳар баромадааст, ки ӯ аллакай панҷ фарзанд дошт. Онҳо худ соҳиби 2 фарзанд мебошанд.

Яке аз писарони Раҷабгул шуъбаи коргардониро хатм намуда буд, ки вафот кардааст[4].

Намоишномаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ҷазои туҳматчиён
  • Найрангҳои Майсарабону
  • Зангирии Чақабой
  • Дугонаҳо ба театр мераванд
  • Пайроҳаи зиндагӣ
  • Зайнаббибӣ
  • Гавҳари шабчароғ
  • Тошбек ва Гулқурбон

… ва ғай.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов. 19 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
  2. Раҷабгул Қосимова // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 362—363. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  3. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
  4. 4.0 4.1 4.2 Раҷабгул Қосимова: Боз зани Убайдулло Раҷаб мешавам, агар...(тоҷ.). Oila.tj. 13 май 2019 санҷида шуд.
  5. Раҷабгул Қосимова: Дар саҳна ҷон медиҳам, агар…(тоҷ.). Tajikistantimes. 25 июли 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)