Jump to content

Саидмӯъмин Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидмӯъмин Раҳимов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус самбо
Зодрӯз 15 июн 1946(1946-06-15)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 феврал 2009(2009-02-13) (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Мураббӣ Искандаршоҳ Раҳматуллоев

Саидмуъмин Раҳимов (Раҳимов Саидмӯъмин Муъминович; тав. 15 июни 1946, деҳаи Ҷорубкул, ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 13 феврали 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — варзишгар, куштигири шӯравӣ ва тоҷик. Қаҳрамони сабои ҷаҳон (1975) Қаҳрамони дукаратаи самбои ИҶШС (1973, 1975). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ (1973), Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1985), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидмӯъмин Раҳимов 15 июни соли 1946 дар ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба куштгирӣ шуғл дошт. Аз солҳои 1965—1971 дар варзиши сабук ва гӯштини тарзи озод машқ кард. Ҳангоми хидмат дар сафи артиш аз рӯи варзиши сабук рекордсмени дивизия шуд (1967). Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1974) ва Университети давлатии Тоҷикистон (1986).

Аз соли 1974 баъди хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон сармураббии Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии спортии «Ҳосилот» буд.

Саидмӯъмин Раҳимов оид ба гӯштини миллӣ, тарзи озод, ҷуду ва классикӣ қаҳрамони чандинкаратаи ҶШС Тоҷикистон мебошад. Аз соли 1972 таҳти роҳбарии Устоди варзиши ИҶШС, Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон И. Абдуллоев ба машқи куштии самбо пардохт ва дере нагузашта дар ин навъи куштӣ маҳорат зоҳир намуд. Солҳои 1972—1975 дар мусобиқаҳои умумииттиҳодӣ ва Бозиҳои умумииттифоқии варзиши деҳот аз рӯи самбо борҳо ҷои якумро гирифтааст.

Раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2004).

Ба қатори 10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар садаи XX дохил гардид (2001). Бо медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» сарфароз гардидааст[1].

Саидмӯъмин Раҳимов ҷумъаи 13 феврали соли 2009 дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт[2].

Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов номгузорӣ шуда ва нимпайкараи Саидмӯъмин Раҳимов дар ноҳияи Темурмалик гузошта шудааст[3].

  1. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 31 октябри 2017 санҷида шуд.
  2. Даргузашти ҷаҳонпаҳлавони тоҷик(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian. 16 марти 2021 санҷида шуд.
  3. Нимпайкараи Саидмӯъмин Раҳимов гузошта шуд(тоҷ.). Радиои Озодӣ (4 май 2015). 16 марти 2021 санҷида шуд.