Суғдсинамо
Зоҳир
SUGHDCINEMA | |
---|---|
Навъ | муассисаи давлатӣ |
Таъсисёбӣ | 2015 |
Макон | Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, 735700 |
Афроди калидӣ | Муҳиддини Музаффар (директор) |
Бахш | синамо |
Маҳсулот | филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ |
Сайт | sughdcinema.com |
Суғдсинамо (номи расмӣ: Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов») — яке аз киностудияҳои Тоҷикистон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд 1 марти соли 2015 таъсис ёфта[1]
фаъолияташро расман оғоз карда, ба офаридани филмҳои ҳунариву ҳуҷҷатӣ машғул аст.
Филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Филми кутоҳҳаҷми «Коса»
- Филми ҳунарии «12 соли интизорӣ»
- Филми мустанади «Духтари Сайҳун»
- Филми ҳунарии «Тангно»[2]
- Филми ҳуҷҷатии «Соҳибватан»
- Филми ҳунарии «Сайёра ранг иваз мекунад»[3]
- Филми ҳунарии «Дов»
Ҳунарпешаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳои дорои ҷоиза
[вироиш | вироиши манбаъ]Навобаста аз он ки Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» фаъолияташро нав оғоз кардааст, филмҳои офаридааш дар кинофестивалҳои байналхалқӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.
- Филми кутоҳҳаҷми «Коса»: — ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин коргардон» дар Фестивали кушоди Осиёи Миёнагӣ «Орзу» дар Лондон, ҷоизаи «Беҳтарин асари кӯтоҳ» дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ дар Стокголм, ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо».
- Филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» — Шоҳҷоизаи Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз», ҷоизаи «Беҳтарин филм» дар байни филмҳои ҳуҷҷатӣ дар Кинофестивали байналхалқии филмҳои кӯтоҳ «Навсоз».
- Филми ҳуҷҷатии «Соҳибватан» — ҷоизаи «Беҳтарин филм дар Соли ҷавонон» дар ҷашнвораи «Симо»-и телевизиони «Синамо».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Баъди Қазон “Коса”-и Муҳиддини Музаффар ба Рум меравад. sputnik-tj.com. Sputnik (20 сентябри 2016).(пайванди дастнорас)
- ↑ Everyday. Суғдсинамо(рус.). everyday.tj. 14 марти 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ “Суғдсинамо” филми навашро ба навор мегирад. akhbor.com. 14 марти 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- sughdcinema.com — вебгоҳи расмии Суғдсинамо