Jump to content

Таҳмина Раҷабова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Таҳмина Раҷабова
Ном ба ҳангоми таваллуд: Раҷабова Таҳмина Пулодҷоновна
Таърихи таваллуд: 29 июн 1982(1982-06-29) (42 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳуқуқшинос, рӯзноманигор, ҳунарпешаи синамо
Корнома: 2006 - то ҳол
Ҷоизаҳо:
«Беҳтарин ҳунарпешаи зан» IFFI (2013)
IMDb: ID 7012515
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таҳмина Раҷабова (Раҷабова Таҳмина Пулодҷоновна; тав. 29 июни 1982[1], Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи синамо, рӯзноманигор, ровии барномаҳои телевизионӣ. Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2013). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013). Аълочии кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон (2017).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳмина Раҷабова 29 июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Модараш духтур ва падараш иқтисоддон буданд. Аз соли 1989 то синфи сеюм дар мактаби миёнаи ба номи Малика Собирова ва ҳамзамон дар бахши мусиқии (фортепиано) таҳсил мекард. Чун вазифаи хидматӣ падарашро озими Маскав намуд, оилаи онҳо муваққатан ба онҷо рафтанд. Тахмина дар мактабҳои онҷо ду сол ба забони русӣ таҳсил намуд.

Баъди бозгашти хонаводаашон ба Тоҷикистон, Таҳмина мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм намуда[2], ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқи филиали Донишкадаи равобити миллӣ ва минтақавии Маскав дар Душанбе (Московский Институт национальных и региональных отношений) супурд. Пас аз хатми курси аввал бино бар сабаби оиладор шудан ӯ ба донишгоҳ нарафт ва ӯро хориҷ карданд[3].

Ӯ аз нав ба Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо баҳои аъло хатм кард[2].

Таҳмина Раҷабова бо хости волидайн дар синни 18 солагӣ ба писарамакаш издивоҷ кард, аммо пас аз чанде онҳо ҷудо шуданд. Аз ин издивоҷ як писар — Муҳаммадҷовид ба дунё омад[4]. Баъдан Таҳмина дубора издивоҷ кард ва соҳиби оилаи хушбахт аст[5]. Ӯ 20 феврали 2021 дар сафҳаи Инстаграми худ расми кӯдаки навзодро ҷо дода, аз соҳиби писар шуданаш хабар дод[6].

Соли 2006 ба телевизиони «Сафина» ба ҳайси ёвари ҳуқуқшинос ба кор омада, пас аз як моҳи корӣ ӯро Насиба Ғуломова дида, аз санҷиш гузаронда, ба хотири чеҳраи телевизионӣ доштанаш ва забони русиро олӣ донистан таклиф кард, ки наттоқи барномаи иттилоотӣ ба забони русӣ шавад ва ӯ даъватро пазируфт[4].

Чеҳраи зебои Таҳмина Раҷабоваро аз телевизион коргардонҳои синамо дида ва аз вай даъват кардаанд, ки дар филмҳо нақш иҷро кунад[7].

Барои нахустин бор Таҳмина дар синамо дар филми Юнус Юсупов бо номи «Зистан мехоҳам» нақши кӯчаки ёрдамчии муфаттиш ва баъдан дар филми «Умеди охирин»-и Саид Қодирӣ нақши дуюмдараҷаро бозида санҷиши аввалини ҷиддиро дар соҳаи синамо гузашт[8]. Сипас ба киностудияи Тоҷикфилм даъват шуда дар филми коргадон Саидҷон Қодирӣ зери унвони «Убури сангин» нақши асосиро иҷро кард.

Соли 2008 дар Ҷашнвораи синамоии «Дидор» филми «Умеди охирин» соҳиби ҷоиза гардид. Ва нақши бозидаи Таҳмина мавриди таваҷҷуҳи коргардони тоҷиктабори Афғонистон Асад Сикандар қарор гирифт ва ӯро барои нақшофарӣ дар филми муштараке бо ҳамкорони боливудӣ бо номи «Мадраса» (ҳоло «Муҳоҷир») ба Афғонистон барои иҷрои нақши аслӣ даъват кард. Таҳмина дар ин филм нақши модари хонаводаро иҷро кардааст[7].

Соли 2011 филми «Марде дар орзуи зани панҷум»-и коргардони афғон Сиддиқ Обидӣ, ки дар музофоти Фароб ва Балхи афғонистон наворбардорӣ шуд, Таҳмина нақши зани сеюмро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарпешаи зан» гардид[8].

Таҳмина Раҷабова бо пешниҳоди нахустин филмаш ба забони русӣ «Обмани себя» ба соҳаи коргардонӣ қадам гузошт. Филми мазкур кӯтоҳ буда, 28 дақиқаро дар бар мегирад ва 19 декабри 2020 дар кинотеатри «Зебуниссо»-и Душанбе пешниҳоди синамогарон ва рӯзноманигорон гардид[9].

Фаъолияти башардӯстӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Таҳмина Раҷабова бо намояндагии Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон, соли 2012.

Дар соли 2012 намояндагии Федеросиюни Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон корзоре якмоҳаро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба фаъъолияти башардӯстонаи ин федеросиюн оғоз кард. Таҳмина Раҷабова, дар ин корзор, сафири ҳусни нияти ин моҳ интихоб шуд. Ӯ мегӯяд, ки қаблан низ ба аёдати кӯдакони бесарпараст дар ин хонаи кӯдакон мерафт ва ҳоло бисёре аз кӯдакон ӯро «апаҷон» ном мебаранд[10].

Мишел Йео, ҳунарпешаи Боливуд (аз чап), Мурод Ҳамидӣ ва Таҳмина Раҷабова

Таҳмина Раҷабова дар бештар аз 20 филм нақш офаридааст[8]:

Ном Сол Коргардон Нақш Кишвар
1 Зистан мехоҳам 2007 Юнус Юсупов Тоҷикистон
2 Як рӯзи баҳор 2008 Музаффар Раҳматов Таҳмина Тоҷикистон
3 Умеди охирин 2008 Саидҷон Қодирӣ Гуландом Тоҷикистон
4 Симо 2008 Умедҷон Бобомуродов Маҳина Тоҷикистон
5 Мадраса 2008 Асад Сикандар Роҳила Афғонистон
6 Барачаи хаёлӣ 2009 Абдулҳай Зокиров духтур Тоҷикистон
7 Убури сангин 2010 Саидҷон Қодирӣ Нигина Тоҷикистон
8 Беҳуда хорам мекунӣ (қисми 5-6) 2010 Шуҳрат Қурбонов Тоҷикистон
9 Шаби хунин 2011 Далер Беков Тоҷикистон
10 Соҳил 2011 Раҷабалӣ Пиров Тоҷикистон
11 Думболи афсона 2011 Рустам Расулов Малика Тоҷикистон
12 Марде дар орзуи зани панҷум 2012 Сиддиқ Обидӣ зани сеюм Афғонистон
13 Қасос 2012 Руслан Мирзоев Замира Тоҷикистон
14 Журналист 2012 Аъзам Розиқ Нигора Тоҷикистон
15 Паймон 2013 Муҳиддини Музаффар Малика Тоҷикистон
16 Асрори хуфта 2013 Саидҷон Қодирӣ Тоҷикистон
17 12 соли интизорӣ 2014 Муҳиддини Музаффар Фаришта Тоҷикистон
18 Феъли бад 2014 Аслам Ёдгоров Парвина Тоҷикистон
19 Муфаттиш 2015 Муҳаммадраббӣ Исмоилов Нигора Тоҷикистон
20 Некӣ (филми кӯтоҳ) 2016 Муҳаммадраббӣ Исмоилов Тоҷикистон
21 Сайёра ранг иваз мекунад 2018 Муҳиддини Музаффар Сайёра Тоҷикистон
22 Эделвейс 2018 Неъматулло Абдуллоев Эрика Тоҷикистон

Унвону ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»[11]
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»[12]
  • «Аълочии кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон»

Ҷоизаҳои синамоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳмина Раҷабова бо ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳиндустон (IFFI) дар филми «Марде дар орзуи зани панҷум» қадрдонӣ шудааст[8][13][14].

  1. Актриса Раджабова Тахмина. Фотографии, анкета, фильмография.. www.sferakino.ru. 6 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Декабри 2017.
  2. 2.0 2.1 Арафамоҳи САЪДУЛЛО. Тахмина Раҷабова: Тавоно ҳаргиз дар нахоҳад монд. «Чеҳра» Маҷаллаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва рекламавӣ. № 10, 2011. С. 12-13.
  3. Рустам Азимов. Браво Таҳмина!(тоҷ.), Tajikistan times. Бойгонӣ шудааст 25 июли 2018  сол. Проверено 6 Декабри 2017.
  4. 4.0 4.1 Гулноза БОБОМУРОДОВА. Таҳмина Раҷабова: Мехоҳам худро дар киноиндустрияи ҷаҳонӣ бисанҷам. «Бонувони Тоҷикистон». Маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. № 6, 2009. С. 22-24.
  5. #6 Imshab LIVE бо Тахмина Рачабова(тоҷ.). MIX. 26 феврали 2019 санҷида шуд.
  6. Хуш омадед, писарам: шукргузории Таҳмина Раҷабова пас аз таваллуди фарзанд(тоҷ.). Sputnik Tajik. 22 феврали 2021 санҷида шуд.
  7. 7.0 7.1 Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 10 апрел. BBC Tajik/Persian (10 апрели 2009). 6 Декабри 2017 санҷида шуд.
  8. 8.0 8.1 8.2 8.3 Разиуддин АТОӢ. Саргузашти Таҳмина Раҷабова: аз Афғонистон то Ҳиндустон. «Элита». Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсӣ. Январ-Феврал, 2014. С. 16-23.
  9. Шодмон Кенҷаев. Нахустин филми Таҳмина Раҷабова ба намоиш гузошта шуд(тоҷ.). Фараж (21 Декабри 2020). 22 феврали 2021 санҷида шуд.
  10. BBC Тоҷикӣ - Дар бораи мо - Корзори якмоҳа барои ҷалби мардум ба фаъъолиятҳои башардӯстона(тоҷ.). www.bbc.co.uk. 30 май 2018 санҷида шуд.
  11. Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2013, № 7-У
  12. Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, № 31-У
  13. Фарангиси Фармон. Бонуи тоҷик Ҳиндустонро тасхир кард. Фараж. faraj.tj. 6 Декабри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  14. Таджикская актриса стала лучшей на International Film Festival | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Бойгонӣ шудааст 4 феврали 2019  сол. Проверено 29 Январ 2018.