Jump to content

Сафар Айюбзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сафар Айюбзода
Сафар Айюбзодаи Маҳзун
Тахаллусҳо: Сафар Айюбзодаи Маҳзун
Таърихи таваллуд: 7 сентябр 1956(1956-09-07)
Зодгоҳ: ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб,ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 21 ноябр 2020(2020-11-21) (64 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Жанр: шеър ҳикоя, қисса
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Ҷойизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Сафар Айюбзодаи Маҳзун (7 сентябри 1956, ноҳияи Шӯробод — 21 ноябри 2020[1], Душанбе) — шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафар Айюбзода — 7 сентябри соли 1956 дар ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А. Рӯдакии Кӯлобро хатм намудааст (1977). Солҳои 1977—1978 дар мактабҳои миёнаи рақами 6 шаҳри Кӯлоб ва рақами 11 ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба омӯзгорӣ машғул шудааст. Сипас, дар вазифаҳои хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (1979—1981), хабарнигор, мудири шуъбаи рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ», «Хатлон», муҳаррири Кумитаи вилоятии телевизион ва радиошунавонии вилояти собиқ Кӯлоб (1981—1993), роҳбари бахши адабӣ, ҳунарпешаи (актёри) Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб (1993—1997) кор кардааст. Солҳои 1998—2001 дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» ба сифати хабарнигор фаъолият намудааст. Аз соли 2001 сардабири маҷаллаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -«Молия ва ҳисобдорӣ» буд.

Айюбзода шоири ошиқ аст. Чакидаҳои ашъораш, ки дар шакли китобҳои алоҳида бо номҳои «Нафаси Садои мардум 53 ишқ», «Эй ишқ, наҷотам деҳ», «Саду як дарди ишқ», «Сурайёнома», «Гулбазм», «Ҷоно, падару модарат аз ёд мабар», «Бадеҳаи ашк», «Таронаи ишқ» «Муноҷот», «Давлати ишқ» ва ғайра чоп шудаанд, аз ин хусус дарак медиҳанд. Ба навиштани қисса, очерку ҳикоя, тақриз ва асарҳои саҳнавӣ низ майл дорад. Китобҳои ӯ -«Шарораи шавқ», «Ранҷи ишқ ширин аст» ва «Дунёи Мирзоватан» аз ҳамин қабиланд.[2]