Jump to content

Сироҷиддин Комилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сироҷиддин Комилов
Сироҷиддин Ҷалолиддинович Комилов
Сироҷиддин Ҷалолиддинович Комилов
Сироҷиддин Ҷалолиддинович Комилов
Таърихи таваллуд 11 июл 1950(1950-07-11) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Ҷойҳои кор Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (1997); Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).

Сироҷиддин Ҷалолиддинович Комилов доктори илмҳои иқтисодӣ (1991), профессор (1994). Сафири сулҳ (2006) (Сеул) [1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сироҷиддин Ҷалолиддинович Комилов зодаи д. Алмосӣ ноҳияи Ҳисор. Аз хонадони зийеӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1972). Ассистент, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи иқтисодиёти саноати ДДТ ба номи В.И. Ленин (1972-1993), мудири кафедраи Иқтисоди корхона ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1994-1996), декани факултаи иқтисод ва идора Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996-1998), ноиби ректор оид ба корҳои илм, оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1998-2001), директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(2001-2005), ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (2005-2006), ректори Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон (2006-2008), директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ» (2009-2012). Аз соли 2012 то 2014 мудири кафедраи Назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Ҳоло профессори кафедраи Назарияи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст.[2] Ӯ дар Паӯҳишгоҳи рушди иқтисодии Бонки ҷаҳонӣ (с.1994, ИМА ш.Вашингтон) таҳсил кардааст, дар Донишгоҳи ИМА (с.1997 шаҳри Вашингтон) таҷрибаомӯзӣ намудааст. Иштирокдори конфронсҳо, симпозиумҳо ва семинарҳои байналхалқӣ (ш. Тел-Авив, Вена, Куала-Лимпур, Токио, Вашингтон, Сеул, Пекин, Шанхай, Теҳрон, Стамбул, Лондон, Будапешт, Москва, Киев, Алма-Ато, Тошканд, Бишкек, Ашқобод ва ғайра) (с.1992-2012). Ҷонишини муҳаррири маҷаллаи байналмиллалии АвраОсиё «Проблемы современной экономики» (Санкт-Петербург) (аз с.2004), сармуҳаррири маҷаллаи «Меҳнат ва рушди иҷтимоӣ» (аз с.2009), аъзои таҳририяи маҷаллаи «Ахбороти Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ» (аз с.2006), аъзои 3 Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ (аз с.1997), раиси Шӯрои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ оид ба иқтисодиёт дар назди ДМТ (с.1998-2001), ҷонишини раиси Шӯро дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ оид ба иқтисодиёт дар назди ДМТ (аз с.2010). Президенти Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ(с. 2007-2011) [3]

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сироҷиддин Комилов соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи докториро ҳимоя намудааст. Соли 1994 ба унвони профессорӣ сазовор гардид. Яке аз муаллифони Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-2000. Дар тарҳрезии Барномаҳои дарозмуҳлати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар – Стратегияи коҳиши камбизоатӣ, Стратегияи коҳиши камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2007–2009 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки ташаббускори пешниҳоди онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ширкат варзид. Сироҷиддин Комилов дар тарбияи олимони ҷавон, унвонҷӯён, докторон пурсамар буда, то соли 2014 таҳти роҳбарии ӯ 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докториро ҳимоя намудаанд. Дар баробари ин, ташаббускори нашри шумораи аввалини маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир» дар соли 2002 гардид, ки сармуҳаррири он буд. Ӯ ба ҳайси ноиби Президенти Шуъбаи Тоҷикистонии Академияи байналмилалии илмҳои мактабҳои олӣ, муовини раиси ҷамъияти “Дониш” буд.[3] Профессор Сироҷиддин Комилов 325 номгӯй корҳои илмю методиро ба нашр расонидааст, Ки аз ҷумла 15 монография, 16 брошюра ва васоити таълимӣ ва 5 китоби дарсӣ мебошад.

  • Передовой опыт и повышение эффективности производства. – Душанбе, 1987. – 165с.
  • Мусобиқа ва бозсозӣ. – Душанбе, 1988. – 105с.
  • Экономика производственного опыта и ноу-хау. – Душанбе,1993. – 190с.
  • Стратегия движения к рыночной экономике. Выпуск 1. – Душанбе, 1995. – 114с.
  • Стратегия движения к рыночной экономике. Выпуск 2. – Душанбе, 1998. – 144с.
  • Алифбои бизнес. – Душанбе, 1999. – 48с.
  • Иқтисодиёти корхонаҳо (васоити таълимӣ) – Душанбе, 1999. – 130с.
  • Стратегияи нархгузорӣ (васоити таълимӣ). – Душанбе,1999. – 78с.
  • Иқтисоди корхонаҳо (китоби дарсӣ). – Душанбе, 2001. – 238 с.
  • Основы инновационного менеджмента (учебное пособие). – Душанбе, 2004. – 117с.
  • Основы развития инновационной деятельности предприятий. – Душанбе, 2004. – 117с.
  • Предпринимательство: вопросы развития и государственного регулирования. – Душанбе, 2004. – 192с.
  • Менеҷмент ва рушди фаъолияти навҷорисозӣ (инноватсионӣ). – Душанбе, 2005. – 86с.
  • Рыночные основы развития женской занятости в предпринимательской деятельности. – Душанбе, 2005. – 65с.
  • Налоговое регулирование в промышленности. – Душанбе, 2006. – 125с.
  • Развитие медицинских услуг в условиях переходной экономики. –Душанбе, 2007. – 112с.
  • Общие основы маркетинга (Учебное пособие). – Душанбе, 2008. – 204с.
  • Асосҳои назариявии усулҳои иҷтимоӣ-психологии идоракунӣ (васоити таълимӣ). – Душанбе, 2008. – 72с.
  • Соҳибкорӣ ва менеҷменти рушди фаъолияти навҷорисозӣ (инноватсионӣ). – Душанбе, 2008. – 220с.
  • Асосҳои нархгузорӣ (васоити таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ). – Душанбе, 2008. – 164с.
  • Экономика рынка труда. – Душанбе, 2010. – 480с.
  • Инновационное развитие и совершенствование антикризисного управления предприятиями. – Душанбе, 2011. – 148с.
  • Иқтисоди корхона (китоби дарсӣ). – Душанбе, 2012. – 448с.
  • Иқтисоди корхона (китоби дарсӣ). – Душанбе, 2016. – 635 с.
  • Менҷменти инноватсиони (китоби дарсӣ) – Душанбе, 2016. – 360с.
  • Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997);
  • Аълочии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).

Адабиёт доир ба Сироҷиддин Комилов

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016, - с. 159-161.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]