Истиқлол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Табошар)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шаҳр
Истиқлол
Истиқлол
DSC00013.jpg
Давлат
Тоҷикистон
Унвон
шаҳри тобеи вилоят
Минтақа
Вилояти Суғд
Координатаҳо
Таъсис
[[соли 1968]]
Забони расмӣ
Аҳолӣ
15,9 нафар (2015)
Гурӯҳҳои миллӣ
тоҷикҳо, ӯзбекҳо
Гурӯҳҳои динӣ
Вақти минтақавӣ
Коди телефон
+992 3443
Нишонаи почта
735750
Коди автомобилӣ
02TJ
Истиқлол (Тоҷикистон)
Истиқлол

Истиқлол(собиқ Табошар) - шаҳр дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳр дар наздикии яке аз бойтарин захираҳои кони полиметалӣ ҷойгир шудааст.

Шароитҳои табиӣ ва иқлим[вироиш]

Шаҳри Истиқлол дар каторкӯҳи Қурама, қисми силсилакӯҳи Тян-Шан, аз тарафи шимоли маркази вилоят ҷойгир аст. Қаторкӯҳи Қурама аз сарватҳои зеризаминӣ бой мебошад. Ҳанӯз дар солҳои 30-уми қарни гузашта, аз тарафи геологҳои шинохтаи рус ба монанди Наследов Б.Н., Королёв А.В. ва Волфсон Ф.И. омӯхта шуда, зиёда аз 300 намуди сарватҳои зеризамини кашф гардидаанд. Баъдан ба коркарди ин маъданҳо, ба монанди уран, торий, радий, тилло, висмут ва дигар намуди элементҳои кимиёвӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ба роҳ монда шуда буданд.

Масофа: Истиқлол дар масофаи 34 км аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Дар нақша шаҳри Истиқлол ба масофаи умумии 7,0 км дар шимолӣ - шарқӣ ба ҷанубӣ - ғарбӣ тӯл кашидааст. Майдони шаҳр 3314,17 га. – ро ташкил медиҳад. Сарҳадҳои шартии шаҳр аз ориентири зерини маҳаллӣ ва чуғрофӣ мегузаранд: • аз ғарб – аз нишебии соҳили наҳрчаи «Тушқуруқ», аз ҷумла маҳаллаи Тақмок, ки дар масофаи 4,0 км. ҷойгир шудааст, то сарҳади шимолии обанбори «Тақмоқ»; • сарҳади шимолӣ аз нишебии қаторкӯҳи Қурама, аз ҷумла маҳаллаҳои Кураминский ва Истиқлолият, ки бевосита аз шаҳр дар масофаи 3,0 км дуртар ҷойгир шудаанд, мегузарад; • аз шарқ сарҳад аз нуқтаи 1299,0 км. дар сатҳи баландии баҳр, бо кӯчаҳои Деваштич, Темурмалик ва Восеъ, ки бевосита аз шаҳр дар масофаи аз 8,0 то 10,0 км. ҷойгир шудаанд ва Табошари Кӯҳна, ки аз шаҳр дар масофаи 5,0 км. ҷойгир шудааст, баъдан аз нишебии қаторкӯҳ бо соҳили дарёчаи «Ӯткан – сой», сипас, ба самти ҷанубӣ – ғарбӣ мегардад ва бошишгоҳи нақлиётии КВД «Заря Востока», шӯъбаҳои тиббию санитарии БМШ Истиқлол то шоҳроҳӣ Истиқлол – Хуҷандро дар бар мегирад; • сарҳади ҷанубии шаҳр аз шоҳроҳи истиқлол – Хуҷанд то нишебии сой ба суи сарҳади шимолии заводи нонбарорӣ ва сарҳади ҷанубии маҳаллаи Тақмоқро дар бар мегирад. Ҳудуди шаҳр аз ҳамаи тарафҳо бо ноҳияи Бобочон Ғафуров ҳамсарҳад мебошад.

Иқлим: Субтропикӣ континенталӣ (хушк), моҳи январ ҳарорати миёна аз 0 дараҷаи Селсий то - 15 дараҷаи Селсий хунук, моҳи июл аз 25 дараҷаи Селсий то 40 дараҷа гарм аст.

Маҳаллаҳои шаҳр[вироиш]

Маҳаллаҳои

  • Айнӣ,
  • Навоӣ,
  • Дӯстӣ,
  • Сомониён,
  • Умари Хайём

бевосита дар қаламрави шаҳр ҷойгир шудаанд ва ҳар кадоме ба масофаи 2,0 км. аз қисми кӯҳнаи маркази он қарор доранд.

Аҳолӣ. Дар шаҳр то соли 2003 камшавии аҳолӣ аз сабаби муҳоҷирати манфӣ ба миён омад, яъне шумораи аҳолии кӯчида рафта аз шумораи аҳолии кӯчида омадагон барои истиқомати доимӣ зиёд буд. Аз соли 2003 ба муҳоҷирати манфӣ нигоҳ накарда зиёдшавии аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши табии (+таваллудшавӣ, - фавтшавӣ) мебошад.


Таърих[вироиш]

Шаҳраки Табошар соли 1938 дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Чкалов ташкил ёфтааст. Моҳи октябри соли 1968 Табошар мақоми шаҳраки типии шаҳриро гирифт. Маълумотҳои асоснок дар бораи ташкилёбии маҳалҳои иқоматӣ ба садаи панҷуми то мелодӣ тааллуқ доранд. Ин заминҳо дар таърихи қадимаи Осиёи Миёна ҳамчун вилояти мустақили сиёсии Илак машҳуранд. Тадқиқотҳои дар солҳои 70-уми асри гузашта гузаронида шудаи археологӣ нишон доданд, ки дар қисми кӯҳистони ҷанубии Илак – қаторкӯҳи Қурама, дар атрофи шаҳри муосир ҳунармандони зиёди кӯҳистонӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин мавзеъ қабилаҳои туркӣ-муғулӣ, ки минбаъд барои ташкили гурӯҳи алоҳидаи этникии ӯзбекҳо – қурама асос гардидаанд, зиндагонӣ мекарданд ва онҳо дар оянда ба ин мавзеъ ном додаанд. Тасдиқи хаттии ин далел – соли 1489.

Асрори номи маҳал[вироиш]

Номи Табошар аз калимаи Товошар аст ва аз таркибҳои туркӣ-ӯзбекии «Тов» (вайроншудаи «тоғ») – кӯҳ ва «-ошар» - гузаштан иборат буда, маънои «гузаргоҳи кӯҳӣ»-ро дорад. Байни мардум оиди топонимии Табошар ривояти дигаре низ ҳаст. Аз сабаби он ки шаҳр дар баландии 1100 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ҳангоми ба шаҳр омадан фишори хуни касс баланд мегардад. Ва шарҳ медиҳанд, ки гӯё Табошар аз таркибҳои «Тов» (лаҳҷа - Таб) ва «ошар» (баланд шудан) сохта шуда, маънои баланд гардидани таб – фишори хунро дорад.

Шаҳри муосир[вироиш]

Қариб 20 сол дар ин шаҳр уранро истеҳсол мекарданд. Баъд истеҳсоли уран боз дошта шуда буд. Баъд аз пошхӯриии Иттиҳоди Шӯравӣ ва саршавии ҷанги шаҳрвандӣ бисёр аз шаҳрвандони шаҳри Табошар аз Тоҷикистон фирор карда, ба дигар мамолики дунё рафтанд. Аз сабаби зиёдшавии корҳои кофтуковӣ ва оғози баистифодадиҳии як қатор чоҳҳои маъданканӣ аҳамияти деҳаи Табошар пурқувват гардид, аз ҳисоби берун кардани татарҳои қримӣ, немисҳои поволжягӣ ва асирафтодагони пурқуввати ҳарбӣ шумораи аҳолии он низ зиёд шуд. Моҳи октябри соли 1968 Табошар мақоми шаҳраки типии шаҳриро гирифт. Дар нимаи дуюми солҳои 30-юм кашфиёти ҷойгиршавии уран, тилло, нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок, ки коркарди онҳо то нимаи аввали солҳои 90-ум амалӣ карда шудаанд, сабаби ташкилёбии шаҳрак гардиданд. То соли 1968 шаҳраки Табошар дорои заминаи кифояи энергетикӣ, рушди иҷтимоию фарҳангӣ ва маишии инфраструктуриро буд, ки ин дар ҳамҷоягӣ бо шароити мусоиди иқлим барои таъсиси заводи аҳамияти мудофиавидошта доир ба истеҳсоли аслиҳаи ҷангӣ, сабаб гардид. Корхонаи ҳамчун филиали комбинати химиявии Бийск ташкилгардида, аллакай охири соли 1968 мастақил шуд ва ба он расман номи «Завод «Заря Востока» дода шуд. Соли 1972 дар корхона, бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли калӯшҳои миллӣ аз худ карда шуданд. Соли 1976 сохтмони сехи қубурҳои ба фишори баланд тобовар ба охир расонида шуд, соли 1983 заводи нонбарорӣ ба истифода дода шуд, соли 1990 истеҳсоли плёнкаҳои ПВХ ба роҳ монда шуд. Ҳамаи ин барои Табошар - ҳамчун шаҳри тобеи вилоят гардиданаш сабаб шуданд. Аз рӯи баҳисобгирии аҳолии соли 1989 дар Табошар зиёда аз 20 ҳазор нафар, зиёда за 17 миллат зиндагонӣ мекарданд. Соли 1993 мақоми шаҳри тобеи вилоятиро гирифтааст. 29 марти соли 2012 дар асоси Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр номи Истиқлол дода шуд.

Пайнавиштҳо[вироиш]


Манобеъ[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:


Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон