Тоҷикистон дар соли 2013

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Декабри соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 25 декабр - шумораи мақолаҳо дар Википедияи Тоҷикӣ (tg.wikipedia.org) ба - 25 251 расид. То ба ҳамин рӯз: шумораи корбарони сабти ном шудагони Википедиаи тоҷикӣ - 9972 наф.(2004-2013), корбарони фаъол - 41 наф. (аз ҷумла ботҳо) ташкил медоданд.

Ноябри соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 18 ноябр - дар ҷаласаи 37-уми ЮНЕСКО феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2014 - 2015 тасдиқ гардид, ки дар ин миён 4 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон низ пазируфта шудааст. Ба феҳристи ЮНЕСКО 3000 - солагии қалъаи Ҳисор, 700 - солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100 - солагии Зиёдулло Шаҳидӣ шомил карда шуданд ва қарор шуд, ки ин ҷашну чорабиниҳо бо ширкати ин созмон таҷлил мегардад. Чаҳор таърихи таърихии Тоҷикистон дар феҳрасти ЮНЕСКО/Озодӣ
  • 6 ноябр - Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуд. Ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - 83,6 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Аҳмадович - 4,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон - 3,8 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим - 1,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар - 1 фоиз ва ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз додаанд. Мутобиқи маълумоти пешакии расмӣ шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи хеш додаанд.[1]

Октябри соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1 октябр - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт.[2]

Сентябри соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 24 сентябр 6 ҳизби расмии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон [[2013}]] номзади худро пешбарӣ намуданд, ҳизби ҳокими ҲХДТ ва ҲСДТ анҷуманҳои ҳизбии худро моҳи октябр баргузор мекунанд.[3]
  • 17 сентябр - дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар майдони 3 га бунёд ёфта аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад.[4]

Августи соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 29 август - Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон,корхонаи сементи ширкати чиноии “Ҳауксин Ғаюр семент", ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.[5]

Июни соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

Марти соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

Феврали соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 5 феврали соли 2013 - саршумории аҳолиии Тоҷикистон 8 000 700 танро ташкил намудааст, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбек, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – 7 млн. 952 ҳазор нафар мусулмон ва 48 ҳазор нафар намояндагони дигар динҳо (ғайримусулмон) мебошанд.[11]
  • 21 феврал - Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ. Ин Рӯзи таърихӣ, соли 1999 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис дода шудааст.[12]
  • 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 феврали соли 2013 - 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Январи соли 2013[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия (wikipedia) (Рэнкинг всех (287) википедий на 1 января 2013 r.[13] 1 январи соли 2013 шумораи саҳифаҳои Википедияи Тоҷикӣ (tg.wikipedia.org) - 10 613 мақоларо дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории Википедия дар ҷойи 115 қарор дошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]