Усмон Шарифзода
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 31 март 1945 |
Зодгоҳ: | деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 15 июн 2009 (64 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Усмон Шарифзода (31 марти 1945, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 15 июни 2009, Душанбе, Тоҷикистон) — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Усмон Шарифзода 31 марти соли 1945 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод зода шудааст. Соли 1964 мактаби миёнаи № 80-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)-ро хатм мекунад. Соли 1971 шуъбаи шабонаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти мехнатиашро аз газетаи «Комунна»-и ноҳияи Ленин оғоз мекунад. Ходими адабии рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», корманди Телевизиони тоҷик, Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорон буд.
Усмон Шарифзода 15 июни соли 2009 аз олам даргузашт.[1]
Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон», «Дили модар», «Умре дар роҳ» чоп шудаанд. Маҷмӯаи нахустини шеърҳояш «Хонаи ишқ» соли 1985 ба табъ расидааст. Баъдан ашъораш дар гулчини навиштаҳои ӯ «Қаламниҳоли ғам» (2006) интишор ёфтаанд.
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Осор[2][вироиш | вироиши манбаъ]
- Дили модар. — Душанбе,1984. — 173 с.
- Рӯҳи зиндагонӣ. — Душанбе, 1990. — 232 с.
- Рӯҳи саркаш. — Душанбе: Санадвара, 1998. — 104 с.
- Қаҳқаҳаи гиряхез. — Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2004. −175 с.
- Қаламниҳоли ғам. — Душанбе : Адиб, 2006. — 256 с.
- Аз ҳақтарошӣ то ҳақталошӣ. — Душанбе: Ирфон, 2007. — 112 с.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Усмон Шарифзода // Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- ↑ Зодрӯзи Усмон Шарифзода: Агар ӯ зинда буд, ба синни 72 медаромад. www.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 2 январи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 январи 2020.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |