Бӯстон (шаҳр)
Шаҳр | |
Бӯстон | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Суғд |
Тақсимоти дохилӣ | 1 шаҳр, 1 шаҳрак |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таъсис | соли 1956|10 августи 1956 |
Номҳои пешина | Чкаловск |
Масоҳат | 29,7 км² |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 38 400[1] тан (2022) |
Миллият | тоҷикҳо, ӯзбекҳо, русҳо |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3454 |
Нишонаи почта | 735730 |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бӯстон (то 2016 — Чкаловск) — шаҳр дар вилояти Суғд. Аҳолӣ — 38 400 нафар (2022).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Сохтмони шаҳри Чкаловск соли 1949 дар назди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд оғоз гардида буд. Дар аввал он танҳо маркази саноатӣ ё инки маркази коркарди уран ҳисоб мешуд ва он номи корхонаи калонеро, ки дар ин ҷо кор мекард, дошт. Дар даврони шӯравӣ ин шаҳр — шаҳри махфӣ ба ҳисоб мерафт барои он, ки дар ин ҷо заводи коркарди маъдани уран, ки барои истифодаи яроқи қатли ом ва неруи атомӣ аз ҷониби ИҶШС амал мекард. Академики АИ ИҶШС Курчатов асосгузори ин корхонаи коркарди атом буд. Аввал ин шаҳр Сотсгород (шаҳри сотсиалистӣ) ном дошт ва баробари сохтмони корхонаи коркарди уран, сохтмони шаҳри нав низ оғоз гардид. Дертар номи шаҳрро бо номи олими бузурги рус Курчатовск номгузорӣ карданӣ буданд, вале азбаски, шаҳр махфӣ ба ҳисоб мерафт, ба он номи ҳавонаварди қаҳрамони СССР Чкаловро гузоштанд. Бо қарори Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016 номи шаҳр ба Бӯстон иваз шудааст.[2]
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | 2012 | 2013 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
29,7 | 30,8 | 33,2 | 34 | 37,1 | 38,4 |
Шиноснома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шиносномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Бӯстон
- Санаи ташкилёбӣ – 10 августи соли 1956
- Масоҳат – 29,7 км², аз он ш. Бӯстон – 10,7 км²,
- ҷамоати шаҳраки Палос – 19,0 км.²
- Аҳолӣ –29 800 [3]
- Аз он ҷумла мардҳо – 9,9 ҳазор, занҳо – 10,8 ҳазор
- Маркази минтақа – ш. Бӯстон
Миллат
[вироиш | вироиши манбаъ]- тоҷикон – 27,9 ҳаз. нафар (91,4 %)
- русҳо – 1,9 ҳаз. нафар (6,1 %)
- тоторҳо - 0,5 ҳаз. нафар (1,6%)
- дигар миллатҳо 0,3 ҳаз. нафар (1,3 %)
- Аҳолии марказ – 28,2 ҳаз. нафар
- Аҳолии Ҷамоати шаҳраки Палос – 2,4 ҳазор нафар
Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷамоати шаҳраки Палос
Саноат ва энергетика
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шумораи корхонаи саноатӣ 20
Аз ҷумла :
- Саноати масолеҳи бинокорӣ – 2
- Саноати сабуки маҳаллӣ – 1
- Саноати хурокворӣ – 8
- Ордкашӣ – 3
- Мошинсозӣ, электронӣ – 1
- Электротехникӣ, коркарди металл – 1
- Истихроҷи маъдан – 1
- Истихроҷи сангҳои қимматбаҳо -3
- Шумораи коргарону хизматчиёни соҳа – 1426
Сохтмон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шумораи ташкилотьои сохтмонӣ – 14
- Шумораи хизматчиёни соҳа – 45
- Шумораи мошинҳо ва механизмҳо – 9
- Bulleted list item
Алоқа
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бахшҳои алоқаи ҶС «Тоҷиктелеком» — 1
- Стансияҳои телефонии шаҳр (марказӣ деҳот) – 1 [4]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии ш. Чкалов Бойгонӣ шудааст 17 май 2014 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 15 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Тағйири номи як шаҳр дар Тоҷикистон чӣ арзиш дорад?. 11 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 марти 2016.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 6 августи 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 7 феврали 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.