Шералӣ Мӯсоев
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Шералӣ Мӯсоев | |
Таърихи таваллуд: | 25 март 1951 (73 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Шералӣ Мӯсоев — нависандаи халқии Тоҷикистон (2020), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шералӣ Мӯсоев 25 марти соли 1951 дар деҳаи Ганҷинаи (собиқ Меҳнатобод ) ноҳияи Ваҳдат (собиқ Кофарниҳон) дар оилаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Соли 1968 пас аз хатми мактаби миёнаи №1 ба номи Н. Крупскаяи ноҳия ба Институти Политехникии Тоҷикистон(ҳозира Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) дохил гашта, онро соли 1973 бо ихтисоси инженери мошинсоз хатм кардааст. Ҳунари пурфаъолияти заҳматиро ба ҳайси устои оддии калонтарин корхонаи мошинсозии Ҷумҳурӣ – заводи “Тоҷикгидроагрегат” шурӯъ мекунад. Сипас то соли 1976 устои калон, муҳандиси ҳамин корхона фаъолият намуда, соли 1976 котиби дуюми комитети комсомолии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, соли 1978 котиби якуми ҳамин комитет, соли 1980 котиби якуми комитети комсомолии шаҳри Душанбе интихоб мешавад. Дар ҳамин давраи фаъолият лаёқати кордонию ташкилотчигии ӯ ошкор шуданд. Барои бо кадрҳо таъмин намудани нирӯгоҳи обии барқии Роғун, Корхонаҳои электрохимиявии Ёвон, Корхонаи арзизи тоҷик корҳои назарррасро ба анҷом додааст. Аз соли 1981 то соли 1986 котиби комитети партиявии заводи “Тоҷикгидроагрегат”, аз соли 1986 то соли 1987 директори заводи таҷрибавии олотҳои ғайристандарти ва маҳсулоти пластмасии НПО “Восход” шуда кор мекунад. Аз соли 1987 то соли 1992 ҷонишини сардори раёсати техникии Госснаби Ҷумҳурӣ ва аз соли 1992 то соли 2002 ҷонишини сардори раёсати хусусигардонӣ ва кор бо органҳои маҳаллии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор мекунад. Бо заҳмату ташабускориҳои ӯ як силсила асноду ҳуҷҷатҳо роҷеъ ба ташаккули иқтисодиёти бисёрсоҳавӣ тасниф гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешкаш гардидаанд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Шералӣ Мӯсоев дар тӯли тамоми ин солҳо аз адабиёт ҷудо набуд. Вай ба адабиёт бо роҳи хос – аз истеҳсолот ворид гардид. Байни журналистикаву адабиёт ағбае ҳаст, ки на ҳама қаламкашон ба гузаштан аз он қудрат доранд. Шералӣ Мӯсоев ин ағбаро гузашт ва ба майдони нависандагӣ омад. Ғояи асосии асарҳояш арзишҳои маънавии инсон – инсоф, виҷдон, ҳақиқат, адолат буда, бо тасвири образҳои рангин сарнавишту талоши ҳамзамонони мо, дарду доғҳои зиндагии пур аз печу тобро мавриди тасвир қарор медиҳад. Шералӣ Мӯсоев муаллифи китобҳои “Асоси ғалабаҳои меҳнатӣ” (1983), “Линия жизни” (1985), “Боғи падар” (1986), “Трудовой потенциал бригады” (1987), “Рабочие ступени” (1989), “Қадр ва ҷазо” (1990), “Нек ва бад” (1995), “Дурбин” (1998), “Сӯг” (2000), “Осоиш” (2003) мебошад. Бештари асарҳои китобҳои “Интихоб” (1987), ки ба сохтмони НБО Роғун, “Девонагии ихтиёрӣ” (1989), ки ба проблемаҳои бадмастию майзадагӣ бахшида шудаанд, навиштаҳои Шералӣ Мӯсоевро ташкил медиҳанд. Дар маҷаллаи “Помир” силсилаи очеркҳояш дар бораи заводи алюминии Тоҷикистон ба табъ расид. Очерку ҳикояҳояш дар 15 китобҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Очеркҳои “Кӯҳнавард”, “Нону намак” лауреати рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва очерки “Духтари корхона” лауреати рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) гаштаанд.
Аз соли 1992 дар баробари дигар жанрҳо ҳикояҳои ҳаҷвӣ менависад. То ин рӯз зиёда аз 250 ҳикояҳои ҳаҷвиаш дар матбуот ба табъ расидаанд. Як қатори онҳо ба забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Аъзои бюрои горкомпартияи шаҳри Душанбе, райкомпартияи ноҳияи Октябр, КМ ЛКСМ Тоҷикистон, вакили анҷумани Х1Х Партияи Коммунистии Тоҷикистон буд. Борҳо депутати совети депутатҳои халқии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Октябр интихоб шудааст. Иштирокчии маҷлиси умумииттифоқии журналистон дар шаҳри Ростови лаби Дон (1984) мебошад. Барои хидматҳои шоёнаш бо ордени “Нишони фахрӣ”, нишони КМ ВЛКСМ “Барои кори фаъолона дар комсомол” ва ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.
Соли 2003 раиси комиссияи тафтишотии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардидааст. Аз моҳи октябри соли 1994 Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2007 Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Шералӣ Мӯсоев 28 августи соли 2020 бо унвони нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Киҳо шоири халқии Тоҷикистон шуданд?(тоҷ.). Sputnik-tj.com. 28 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 сентябри 2020.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Мақолаҳо бо параметри дастнораси сана дар шаблон
- Зодагони 25 март
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандаҳо аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон